Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳифзи арзишҳои миллию мазҳабӣ имондорист


Ҳифзи арзишҳои миллию мазҳабӣ имондорист



Дар оғози фасли шукуфтанҳо, ки бозгӯи фаровонии ризқу нишонаи беҳдошти ҳаёти осоиштаи миллати шарафманди Тоҷикистон маҳсуб меёбад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқоти самимӣ ва таъсиргузор баргузор намуданд, ки ман низ яке аз иштирокчиёни он будам.

Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон, моҳи пурфайзу бобаракат таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва зиндагии босаодатро таманно намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди ҳикматҳои парҳезкориву фазилатҳои рӯзадорӣ ва фазилату баракати моҳи шарифи Рамазон ва анҷом додани амалҳои хайру савоб, бахшиши гуноҳҳои якдигар, босабру таҳаммулпазирӣ ва дар умум ба зебоиву покии ботин рабт дода, тибқи оятҳои Қуръон бартарият доштани ин моҳи шарифро оммафаҳм ва бамаврид матраҳ намуданд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, «Моҳи шарифи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон
мебошад».

Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ дар ҳоли бархӯрди тамаддуну фарҳангҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ изҳори нигаронӣ карда, бо назардошти вазъи мураккаби ҷомеа барои пешгирии хатарҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ин рӯ, аз намояндагони ҷомеаи кишвар, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин даъват карда мешавад, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои дар мулоқот баррасишуда аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллатро сармашқи кор намоянд.

Миллати тамаддунофари тоҷик аз қадим дар мавриди анҷом додани корҳои хайру савоб таърихи бою ғанӣ дорад. Бунёди иншооти таъиноташон гуногун, дастгирии қишрҳои ниёзмади ҷомеа аз рисолатҳои ватандӯстӣ ва ватанпарастии тоҷикон дарак медиҳад. Мо ки ворисони аҷдодони худ ҳастем, умедворем, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони хайрхоҳу саховатпеша ин амали гузаштагони худро сармашқи кор хоҳанд кард.

Боиси шукргузорӣ аст, ки Тоҷикистон ба эҳё намудани расму оинҳо, арзишҳои миллию мазҳабӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ноил гардид.

Дар баробари он барои эҳёи чунин арзишҳо, ки арзишҳои ҷузъи фарҳанги миллат мебошанд, дар самти анҷоми фарзҳои динӣ касе мушкилӣ надорад. Илова бар ин, дар мавриди шинохти шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ мушарраф гардидем, ки яке аз ҷанбаҳои неки баланд бардоштани худшиносии миллӣ мебошад.

Чунин ҳадафҳои олии Ҳукумати Тоҷикистон буд, ки соли 2009 бо иштироки намояндагони 55 давлати дунё дар шаҳри Душанбе 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда шуд.

Ҳамин тариқ, бузургдошти чандин шахсиятҳои барҷастаи илмӣ ва динии миллат мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтаву барои гиромидошти онҳо ташаббус ва иқдомҳои шоиста амалӣ карда шуд.

Низоми давлатдории мо дар пайравӣ ба ақидаҳои динию мазҳабӣ созгор буда, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дастоварди бузург аст, ки моро зарур аст ба қадри он бирасем.

Бо назардошти ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Давлати Тоҷикистон нисбат ба ҳама динҳо назари нек дошта, шароити созгори эътиқодиро барои пайравони онҳо таъмин кардааст ва хусусан, барои рушди дини мубини ислом, ки 99 фисади сокинони кишвар эътиқодмандони он мебошанд, на фақат шароити мусоид муҳайё кардааст, балки ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузорад».

Ходимони дини вилоят, ки аксарият дар мулоқоти мазкур ширкат доштанд, дар якҷоягӣ бо дигар намояндагони ниҳодҳои дахлдор миёни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшида, дар амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ менамоянд.

Бо чунин тарҳи корбарӣ метавон  дар ҷомеа камбудиву нофаҳмиҳо, ки, мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо ба амалҳои хурофоту зиёдаравиҳо оварда мерасонад, пешгирӣ намуд.

Усмоналӣ Нурзода,
сархатиби масҷиди ҷомеи
марказии вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода