Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро мерасад


Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро мерасад




Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро мерасад. Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, сайёраи мо 20 марти соли 2024, соати 03:06- вақти ҷаҳонӣ, баробар ба соати 08:06-и вақти маҳаллӣ, нуқтаи эътидоли баҳориро бурида мегузарад, ки тибқи он боз як рӯзи нав фаро расида, дар нимкураи шимолӣ оғози фасли баҳор шуруъ мегардад ва ин вақт ҳамчун вақти омадани Наврӯз дар Тоҷикистон ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора Анвар Буризода, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, иттилоъ дод.

Ба қавли мавсуф, ҳамаи ҷашнҳо, бешак, дар андозаи макону замон (фазову вақт) мавқеи муайянро дар бар мегиранд. Ҷашни Наврӯз дар гунбази фалак (сфераи осмон) мақоми хосро доро буда, ба оғози соли нави астрономӣ мувофиқ меояд, ки заминаи боэътимоди илмию амалиро нишон медиҳад. Мутобиқи маълумоти фарҳангию таърихи бостон, гузаштагони мо аз замонҳои қадим дар осмон чор ҳолати нисбатан хосаи аз ҳамдигар фарқкунандаи мавқеъгирии Офтобро ҳангоми ҳаракати солонааш байни бурҷҳои осмонӣ дақиқ омӯхта, омад-омади ҷашни Наврӯзро муайян намудаанд.

Олимон барои муайян намудани мавқеъгирии Офтоб ва низоми он дар андозаи фазову вақт, муайян намудани фаслҳои сол, методҳои дақиқ, дастгоҳҳои мушоҳидавӣ ва иншооти махсусро ҳанӯз аз замонҳои қадим бунёду мавриди истифода қарор доданд, ки дар ин маврид далелҳои зиёде мавҷуд ҳастанд.

Дар байни мардуми форсзабон чор ҳолати мавқеъгирии хоссаи Офтоб дар кураи осмон аз қадим ҳамчун ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон маъруфу маъмул буданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода