Меҳрномаи наврӯзии «Хатлон»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 178
Ба Давлаталӣ Саид,
раиси вилояти Хатлон
Ҳар гуфтаи Шуморо, эй сарвари вилоят,
Дорем қабул, аз ҷон чун даъвату ҳидоят.
Дастури Пешворо сармашқи кор бинмо,
Мо -халқи мулки Хатлон ҳастем аз қафоят.
Ба Музаффар Мирзозода,
муовини якуми раиси вилоят
Аз соҳаи иҷтимоӣ андеша кунам,
Ман такя ба ғамхории ҳампеша кунам.
Дар соҳа навигарӣ чу фасли Наврӯз,
Баъди сари сол аз буну реша кунам.
Ба Анзурат Абдусаломзода,
муовини раиси вилоят
Аз соҳаи иҷтимоӣ андеша кунам,
Ман такя ба ғамхории ҳампеша кунам.
Дар соҳа навигарӣ чу фасли Наврӯз,
Баъди сари сол аз буну реша кунам.
Ба Заробиддин Файзуллозода,
муовини раиси вилоят
Фасли гулҳо бар ҳадафмандон салом,
Бар накукору шарафмандон салом.
Мо ҳадафҳои Ватан иҷро кунем,
Бо садоқат кор чун Пешво кунем.
Ба Ҷамшед Каримзода,
муовини раиси вилоят
Ба мо аз ҳикмати маърифати қонун сухан бинмо,
Шикан қулфи хамӯширо давоми сол лаб бикшо.
Агар азбар кунем қонун, хушиқбол мегардем,
Ҳама собитқадам дар роҳи истиқлол мегардем.
Ба Амирхон Қурбонзода,
муовини раиси вилояти Хатлон
Мо диёри хештанро сохтем,
Кӯча-кӯча ин Ватанро сохтем.
То ки аз кайфияти созандагӣ
Ёбад ин хоки куҳан пояндагӣ.
Ба Озар САЛИМИЁН,
Шоири халқии Тоҷикистон
Озар, каломи шукр зи Ковуси Кай бигӯ,
Аз Ҷоми Ҷам ба соқии фархундапай бигӯ.
Наврӯз пушти дар расид, оҳанги хайрбод
Аз гармбоди сандалӣ бар гӯши дай бигӯ.
Ба Ҳақназар Ғоиб,
Шоири халқии Тоҷикистон
Ҳамеша пеши мо ҳозир ту бошӣ,
Яке дар ботину зоҳир ту бошӣ.
Миёни ҳақназарҳои замона,
Ягона шоири моҳир ту бошӣ.
Саодат Амиршоева,
генерал-майори адлия
Ҳамеша мекунад талқин адолат,
Диҳад татбиқи қонунро кафолат.
Ягона генералбону Саодат,
Бувад Гурдофариди босадоқат.
Ба Хосият Вализода,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Навгӯӣ, навгароӣ кун, эй ошиқи сухан,
Дар ҷодаи суханварӣ монанди Хосият.
Дар бурҷи орзуи худ истора мешавӣ,
Монанди ӯ ба покии дасту дилу ният.
Ба Низорамо Зарифова,
ходими давлатӣ
Аз имтиҳони вақт гузаштӣ сари баланд,
Гаштӣ миёни халқи худ номию арҷманд.
Ҳар як сухан, ки мекунӣ аз рӯзгори худ,
Бошад ба насли хушгили ояндасоз панд.
Ба Гулчеҳра Содиқова,
Ҳофизи халқии Тоҷикистон
Ба номи хештан лоиқ ту мондӣ,
Ба кори хештан содиқ ту мондӣ.
Расонда дарди дил бар гӯши гардун,
Ба касби хештан ошиқ ту мондӣ.
Ба Дилшод Раҳмон,
ректори ДДК ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ
Ёдам накунӣ, агар ман аз ёд равам,
Вораста зи ғам хурраму озод равам.
Донишгаҳи Рӯдакӣ ба Кӯлоби калон,
Такрори сабақ ба пеши Дилшод равам.
Ба Маҳмадалӣ Қурбонзода,
ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав
Созиш ба дили хастаи якрав кардам,
Андар пайи зиндагӣ даводав кардам.
То илм дар ин минтақа равнақ гирад,
Ман ёд зи Шаҳносири Хусрав кардам.
Ба Носирҷон Маъмурзода,
сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон»
Дар илми сухан моҳирӣ, Маъмурзода,
Ҳам нозиму ҳам носирӣ, Маъмурзода.
Як марди қаламкашу қаламдори асил,
Дар ботину дар зоҳирӣ, Маъмурзода.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...