Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 259
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Ҳамдиёрони азиз!
Наврӯз, ки яке аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод аст, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона - дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.
Яке аз рукнҳои маъмулу писандидаи Наврӯз, ки имрӯз сайри ҷаҳон дорад, ба дидори ҳам расидан, дасти сахову меҳр доштан, оғӯши гарм кушодану даст ба дасти ҳам додан ва ғаразу бухлу кинаро аз қалбҳо берун намудан мебошад.
Мехоҳам бо ин андешаҳои некхоҳонаи гузаштагони тамаддунофари хеш тамоми сокинони сарбаланду шарафманд ва ободкору садоқатпешаи вилояти Хатлонро ба фаро расидани фасли кушоишу эҳё, ки исмаш Баҳору Наврӯз аст, самимона муборакбод гӯям.
Таманнои онро дорам, ки ин фасли мунаввар ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ зебоиҳои нотакрор, дасту бозуи тавонои ободкориҳо, файзу баракати рӯзгорро ато фармояд.
Маҳз бо талошҳои созанда ва тамаддунофарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии на танҳо миллати тоҷик, балки сокинони ҳавзаи Наврӯз гардид. Имрӯз сокинони сайёра ин ҷашни аҷдодии моро бо ифтихор ва сарфарозӣ ҳамчун иди баҳор, эҳёи табиат ва фарорасии соли нав истиқбол мегиранд.
Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.
Бо шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон ҳифз мекунем. Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, шашмақом, фалак, чакан аз ҷумлаи ҳамин неъматҳои ғайримоддии фарҳангӣ мебошанд.
Наврӯз, ки ифодаи бедориву зиндашавии табиат мебошад, на танҳо достони омадани баҳор, балк, ҳамчунин, эҳёву иқдомоти навин аст. Боиси ифтихо ру фараҳмандист, ки бо ташаббуси оламгири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи якуми Наврӯз – 21 март ҷаҳониён Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ҷашн мегиранд. Яъне аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, дар пасманзари Иди Наврӯзи байналмилалӣ беҳикмат набуда, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ, ба фарҳанг, таърих, осори ниёгони миллати тоҷик, махсусан ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат мебошад. Ин иқдоми беназири Сарвари давлати мо ба ҷаҳониён паём медиҳад, ки об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар мебошанд.
Агар ба таърихи Наврӯз нек нигарем, ба дурустӣ пайдо менамоем, ки Наврӯз дар давоми умри чандинҳазорсолаи хеш бурду бохт, барору нобарориҳои зиёдеро аз сар гузаронида, ҳамчун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ бо мазмуну муҳтавои зиндагисози худ то имрӯз ҳангоми аз бурҷи Ҳут ба бурҷи Ҳамал ворид шудани офтоб ва фарорасии рӯзи эътидоли баҳорӣ бо номҳои иди рӯзи нав, оғози сари сол, эҳёи табиат ва бедории замин аз канораҳои Вароруд то Халиҷи Форс ҷашн гирифта мешавад.
Яке аз оинҳои дигари Наврӯз оғози киштукори баҳорӣ, мавсими нави чорводорию боғу токпарварӣ, зироату заминдорӣ аст. Бояд таъкид созам, ки чор унсури ҳастии дунё - об, оташ, бод, хок дар вилояти мо ба фаровонӣ мавҷуд буда, оби ҷонбахш, замини зархез, гармии муътадил ва боди фораму ҳаловатбахшро дорем. Фақат истифодаи самараноки замину об ва дигар захираҳои мавҷударо бояд ташвиқ кунем ва ба фарзандон таълим диҳем.
Мардуми вилоят дар қатори дигар сокинони сарбаланди Тоҷикистон дар остонаи ҷашни мубораку фархундаи миллию давлатӣ - 35-сола
гии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин росто, Паёми навбатии Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ҳамчун Барномаи амал бояд ба кор гирем.
Бо ҳисси ифтихору фараҳмандӣ аз таъкиди Сарвари мамлакат ёдовар мешавам, ки гуфтаанд: «Ман ба қудрати созандагиву офарандагии мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуқтаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳама иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем».
Боварии комил дорам, Наврӯзи фархунда, ки Соли нави аҷдодии мо маҳсуб меёбад, оғози марҳилаи нави таҳаввули азим дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони маҳбуб мегардад ва дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакатамон қадамҳои устувор гузошта мешаванд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, бори дигар сокинони меҳнатқарини вилояти Хатлонро ба муносибати ҷашни бузурги аҷдодӣ - Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба шумо бахту саодат, хайру осоиш, некуаҳволӣ ва ба диёри арҷмандамон пешрафту шукуфоии пайваста орзу менамоям.
Бигзор, Наврӯзи имсола барои тамоми мардуми Тоҷикистони азиз файзу эҳсон ва баракату нусратро насиб гардонад.
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...