Раиси вилоят бо Ли Ок Рён мулоқот кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 185
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рёнро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ Давлаталӣ Саид нахуст меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тарғиботи ҳакории дуҷониба, таъсиси Маркази омӯзишии технологияи нав, табодули таҷриба дар самти кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардид.
Тибқи иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар мулоқот гуфта шуд, ки вилояти Хатлон яке аз калонтарин вилоят дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, 52 фисади маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар ҳудуди вилоят то 300 ҳазор тонна пахта ва 2,5 миллион тонна меваву сабзавот истеҳсол карда мешавад.
Зимни вохӯрӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва кушодани Маркази забони кореягӣ бо дасгирии сафорати Корея дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав машварат намуданд.
Раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рён иброз дошт, ки мақсади сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти ҳамкории фарҳангӣ бо ин кишвари зебои Осиёи Марказӣ мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид хонум Ли Ок Рёнро барои иштирок дар Форуми «Бохтар Фуд», ки моҳи майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, даъват намуданд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...