Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Эътирофи Наврӯз - эътирофи тоҷикони тамаддунофар


Эътирофи Наврӯз - эътирофи тоҷикони тамаддунофар




Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихии миллати соҳибтамаддуни тоҷик буда, ҳамчун мероси пурғановат ва бузурги фарҳангӣ бо тобишу ҷалоли хос аз аҳди қадим то ба насли имрӯз ба ёдгор мондааст. Яъне, Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат мебошад ва бо ин ҳама таровати хос гардише ба руҳу равони одамон падид меорад. Ин ҷашни ҷаҳонӣ аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои миллии мардуми ориённажод буда, мардуми тоҷик беҳтарин орзуву умеди худро ба Наврӯз, яъне Соли Нави анъанавии аҷдоди хеш пайванд медиҳанд. Ин маънӣ дар абёти бузургони илму ирфон низ дарҷ гардидааст ки: «Ҳар кӣ Наврӯзро ҷашн кунад ва бо хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодию хуррамӣ гузорад».

Наврӯз аҳамияти оламшумули фарҳангӣ дошта, онро танҳо воситаи фароғату истироҳат ё худ шодию сурур пиндоштан раво нест. Наврӯз нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ буда, ниёгони мо дар тӯли ҳазорсолаҳо онро бо сад рангу маънии тоза аз насл ба насл густариш додаанд. Миёни бонувони хушзавқи тоҷик анъанаи хос аст, ки дар фасли баҳору Наврӯз либосҳои миллии адрасу атлас ва чакану гулбаст ба бар намуда, онро бо сад рангу ҷилои нав бо баргузор намудани ҷашни чакан зебу ҷилои хос бахшанд ва тоҷикона ба бар кардани либосро ба насли ҷавон, хосса фарзандон талқин намоянд.

Ҳамзамон бо ин, бо завқу ҳунари волои худ анвои гуногуни хӯроки миллиро омода намоянд ва хони наврӯзиро ороста гардонанд, ки ин рисолат ҳамчун мероси эҳёи анъанаҳои миллӣ роиҷ аст.

Мусаллам аст, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон густариш ёфта,  ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аз ҷониби Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

Ин гуфтаҳо дар суханрониҳои идонаи Пешвои муаззами кишвар ба истиқболи ҷашни Наврӯз инъикос гардидаанд: «Навоҳои Наврӯзи хуҷастаи диёри мо таронаи истиқлолро месароянд, истиқлоле, ки ба Тоҷикистон пару боли тозаву тавоно ва парвози баланд бахшидааст».

Воқеан, имрӯз мо аз он сарбаландем, ки тамоми миллату халқиятҳои ҷаҳон дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак» табрик мегӯянд.

Ин ҳақиқати таърихӣ бори дигар моро водор менамояд, ки ба қадру қимати суннатҳои таърихии худ бирасем, арзишҳои фарҳангии худро ҳифз намоем ва вориси арзандаи тамаддуни қадима будани худро нигоҳ дорем.

Яъне боифтихор метавон гуфт, ки эътирофи Наврӯз эътирофи миллати тоҷик ба ҳайси миллати фарҳангсолору тамаддунофар аст, ки бо ба даст овардани истиқлолият имконияти бо номи аслӣ ҷашн гирифтани Наврӯзро ба даст овард ва ба он ҳазорон тобишу ҷилваи нав бахшид.

Дар ҳамин бобат, бузургтарин ҳикмати гузаштагони некноми мо - гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек мебошад, ки имрӯз ҳам дастури амали ҳар фарди ватандору бофарҳанг ва баору номус бояд бошад. Ин ҳикмат дар сиришти ҳар шахс ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор, меҳру садоқат ва покизагиро мепарварад.

Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат на танҳо рафтору гуфтор ва пиндори нек, балки покизагии муҳити зист ва ривоҷи амалҳои созандагию бунёдкориро низ тақозо мекунад.

Вилояти Хатлон дар ин замина аз таҳаввулот ва пешрафте, ки бо иқдоми бевоситаи Пешвои фарҳангофари миллат дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба вуқуъ мепайвандад, дар канор набуда, амалҳои бунёдкорию созандагӣ, ниҳолшинонию сабзгардонӣ бо иқдомҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, хосса раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид вусъати тоза касб кардааст. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи имсола дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонии тиббии замонавӣ ва дигар иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ба истифода дода шуда, сарчашмаи таъмини ҷойҳои нави корӣ ба миён омаданд, ки ин иқдомҳои  созанда бо мақсади пуштибонии сиёсати устувори Ҳукумати мамлакат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони соҳибташаббуси вилоят амалӣ гардида, ҳамчун суннати наврӯзӣ дар таъмини зиндагии шоистаи сокинони вилоят мусоидат мекунад.

Наврӯз, ки бо сифатҳои инсонпарваронаи некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ эътироф гардидааст, ҷаҳониён ба ин оини моҳиятан фарҳангӣ эҳтиром гузошта, онро ҳамчун воситаи покиву садоқат ва зебогиву бедорӣ эътироф менамоянд.

Дар ин замина дар вилояти Хатлон ба истиқболи ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза касб менамоянд. Боиси қаноатмандӣ аст, ки корҳои  ободонӣ дар ҳар як деҳа, ҷамоати шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳия ва маркази вилоят чараёни тоза дошта, имкон фароҳам менамояд, ки дар арафаи ин ҷашни ифтихорӣ ба сокинони шарафманду соҳибсаодати вилоят шароити беҳтари фаъолият таъмин шавад. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси ҳар як сокини вилоят, хосса занону бонувон бояд бо дасту дили пок ва нияти нек сабзгардонию ободкорӣ, гулшинонию ниҳолпарварӣ ва маҷмуан зебову обод гардонидани Хатлони бостон бошад.

Имрӯз, ки фасли баҳор ва шукӯҳу нусрати Наврӯзи некпай дар саросари кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон танинадоз аст, месазад шаҳомату ҷилои Наврӯзи некпайро дар замони соҳибистиқлолӣ, ки бо иқдоми шоистаи Пешвои муаззами миллат ҷаҳонӣ гардида, на танҳо дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, балки дар тамоми ақсои олам бо анъанаҳои хоси идона таҷлил мешавад, бо ҳусну назокати хос аз насл ба насл густариш диҳем ва ба пешомади неку бобарори баҳори имсола ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз, аз ҷумла вилояти Хатлон эътимод намуда, бо кору пайкори шоиста ва эҳтиром ба арзиш ва анъанаҳои миллии фарҳангӣ пойдевори бақои зиндагии ояндаро аз имрӯз гузорем.

Анзурат Абдусаломзода,
муовини раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода