ШУРОИ МАШВАРАТИИ РУШДИ ВАО БА КОРИ ХУД ШУРУЪ КАРД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 270
Дар шаҳри Бохтар ҷаласаи якуми Шурои машваратии рушди воситаҳои ахбори оммаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоти Хатлон баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини раиси вилоят, раиси Шурои машваратӣ Анзурат Абдусаломзода ифтитоҳ бахшида, аъзои Шуроро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард. Қайд гардид, ки Шуро бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои таъмини ҳамкории байни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятие, ки новобаста аз шакли моликияташон, бо доираи хабарнигорон ҳамкорӣ мекунанд ё ба фаъолияти иттилоърасонӣ, омӯзишӣ ва дигар намуди хизматрасонии иттилоотӣ машғул мебошанд, таъсис дода шудааст.
Таҳияи пешниҳодҳо оид ба амаликунии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, ҷалби сармоягузорӣ барои тақвиятбахшии пойгоҳи техникии идораи ВАО дар вилояти Хатлон, татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, ташаккули фазои иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар вилояти Хатлон, омӯзиш ва таҳлили вазъи ҳуқуқӣ, молиявӣ, кадрӣ, техникӣ ва мундариҷаи воситаҳои ахбори омма, таҳияи пешниҳодҳо доир ба беҳсозии вазъи фаъолияти ВАО дар вилояти Хатлон, андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати маводи журналистӣ, рақобатпазирии матбуот, менеҷменти воситаҳои ахбори омма тавассути омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисони соҳа, инчунин амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба дастгирии соҳаҳои синамои вилоят, табъу нашр ва матбааҳои вилоят, дастраскунии саривақтии рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ дар вилоят, баргузор намудани конфронсҳои илмию амалӣ доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва дурнамои рушди матбуоти даврии вилояти Хатлон аз ҷумлаи вазифаҳои Шуро арзёбӣ гардид.
Анзурат Абдусаломзода қайд намуд, ки дар доираи фаъолияти Шурои машваратӣ ташкили машғулиятҳои омӯзишӣ барои такмили ихтисоси кормандони техникии идораҳои воситаҳои ахбори оммаи вилоят, дастгирии ташаббусҳои ба рушди соҳаи иттилоот нигаронидашуда, баррасии муроҷиат ва таклифҳои идораҳои воситаҳои ахбори омма, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон дар доираи ваколатҳои худ оид ба рушди соҳаи иттилоот, омода намудани пешниҳод ва хулосаҳо ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар мақомоти дахлдор оид ба масъалаҳои соҳаи иттилоот, синамо, табъу нашр, дастраскунии нашрияҳои даврӣ низ пешбинӣ гардидааст.Муовини раиси вилоят вобаста ба ҳавасмандии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои таҳким бахшидани ҳамкориҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма сухан гуфт ва афзуд, ки Шурои машваратӣ бояд барои баланд бардоштани сатҳи касбияти рӯзноманигорон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои мубрами соҳа мусоидат намояд.
Дар идома аъзои Шуро нақшаи фаъолияти Шурои машваратии рушди воситаҳои ахбори оммаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро барои соли 2024 баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят Ҷаҳонгир Рустамшо, сармуҳаррири нашрияи “Меҳтарони Хатлон” Саидқул Шомалангзода, муҳаррири нашрияи ноҳиявии “Ҷайҳун” Абдукарим Иброҳимзода, намояндаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Асалмо Сафарзода, муҳаррири нашрияи ноҳиявии “Тахти Қубод” Адолат Сайфуллозода ва дигарон доир ба масъалаҳои мавриди назари ҷаласаи Шуро табодули афкор намуданд.Дар ҷамъбасти ҷаласаи якуми Шурои машваратӣ раиси Шуро Анзурат Абдусаломзода бори дигар таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба рушди воситаҳои ахбори омма диққати махсус зоҳир намуда, барои ҳамкорӣ бо ҳамаи расонаҳо омода мебошад.
РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...