ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 288
Имрӯз, 11 март, ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки беш аз 150 нафар собиқадори матбуот ва журналистони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардид.
Нахуст, муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат бо ҳамроҳонаш аз намоиши матбуоти даврии вилоят дидан карда, бо сармуҳаррирони ҳамаи рӯзномаю маҷаллаҳои маҳаллӣ доир ба вазъу ҳолати нашрия, таъминоти техникӣ ва кадрӣ, шароити кории онҳо дар алоҳидагӣ суҳбат кард.
Пасон, дар толори Маркази иттилоотии Кохи фарҳанг мулоқоти муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуот доир гардид.
Муовини раиси вилояти Хатлон зимни суханрониаш қайд намуданд, ки ҷамъомади имрӯза ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик – иди касбии рӯзноманигорони мамлакат, рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмати пуршараф ва таъсирбахши намояндагони воситаҳои ахбори омма мебошад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои ҳар як журналист ҳамкору ҳамандеш, ёвари беғараз, ҳомии арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинад.
- Мехостам ба ҳар яки Шумо барои ҳамкории хубу пурсамар бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят самимона миннатдорӣ баён намоям. Заҳмати тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаи сатҳи маҳаллӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиеро, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ ба халқу миллат хизмат намуданд, мо қадр мекунем ва барои рушди ҳамкориҳо тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад.
Мужда расонида шуд, ки соли ҷорӣ Шӯрои машваратии рушди ВАО-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис шуд ва Шӯрои мазкур дар баробари нафарони масъули мақомоти давлатӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи журналистӣ ва коршиносони соҳаро муттаҳид намуда, дар ҷаласаҳои Шӯро масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор мегиранд.
Муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат инчунин қайд намуд, ки дар чунин вазъи ҳассоси ҷаҳон рӯзноманигоронро мебояд, ки барои дифоъ аз манфиатҳои миллию давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, ташаккули афкори созандаи омма ва пешгирӣ аз халалдоршавии фазои иттилоотии Тоҷикистони азиз иттиҳоди неру нишон дода, ба ҳама гуна маводҳои ғаразолуд вокуниши саривақтӣ ва посухи сазовору бодалелҳо асоснок диҳанд.
- Дар чунин шароит ҳайатҳои эҷодии нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ бар сари беҳтар кардани муҳтавои матлабҳояшон фикр кунанд, - масъалагузорӣ намуд муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат.
Ҳамасола Ҷоизаи вилоятии ба номи Шамсиддини Шоҳин ва Соҳиб Табаров миёни адибони вилоят натиҷагирӣ карда мешавад.
Ин навбат маъҷмӯаи шеърҳои «Навои меҳр»-и шоира Офоқи Қодириён ғолиби озмуни вилоятии Ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳин (дар соҳаи назм) гардид. Тибқи қарори Кумитаи тадорукоти озмунҳои вилоятӣ аз 29 феврали соли 2024, ба ғолиби Ҷоизаи адабии ба номи Шамсиддин Шоҳин Шаҳодатнома ва маблағи 5 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.
Барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии ба номи Носири Хусрав дар соҳаи насри бадеӣ ба Кумитаи тадорукоти озмун 1 асар пешниҳод гардид. Ҳайати ҳакамон дар натиҷаи омӯзиш ва баҳодиҳии асарҳои довталабон ба хулосае омаданд, ки бинобар мавҷуд набудани асари арзанда ва ба талаботи низомномаи озмун ҷавобгӯ набудан дар соли ҷорӣ Ҷоизаи ба номи Носири Хусрав ба довталаб тақдим карда намешавад.
Инчунин, тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 феврали соли 2021, №50 бо мақсади пуштибонӣ аз фарҳанги ҳазорсола, баланд бардоштани сатҳи ғоявӣ, бадеӣ, тарғиби адабиёти пурғановати миллӣ, ҳавасмандсозии адибон ва муҳаққиқони соҳаи адабиёт Ҷоизаи вило-ятии ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шудааст.
Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ (барои олимону мунаққидон) пешбинӣ гардида, ба ғолиби ин ҷоиза Шаҳодатнома ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Тибқи қарори Кумитаи тадорукоти озмун, китоби номзади илмҳои филологӣ Раҳмонов Маҳмурод бо номи «Аз машқи қалам то нақди сухан» сазовори Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар соли 2023 гардид.
Пасон, маросими тақдими Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан” дар соли 2023 барои беҳтарин маводи журналистӣ барпо гардид. Қайд гардид, ки ба кумитаи тадорукоти озмун имсол беш аз 300 маводи журналистӣ пешниҳод шудааст.
Ҳамин тавр, аз рӯйи номинатсияҳои зерин ғолибон муайян карда шуда, бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
1. Номинатсияи “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ”
1. Муҳиддинов Амонҷон, котиби масъули нашрияи ҳизбии “Ҳамрози халқ”, ҷойи 1-ум;
2. Исломи Раҷабалӣ, хабарнигори рӯзномаи “Садои мардум” дар минтақаи Кӯлоб, ҷойи 2-юм;
3. Шералӣ Давлатов, сармуҳаррири рӯзномаи “Истиқлол”-и ноҳияи Темурмалик, ҷойи 3-юм;
2. Номинатсияи “Беҳтарин барномаи телевизионӣ”
1. Абдураҳмонова Ширинмоҳ, муҳаррири идораи барномаҳои фарҳангӣ-иҷтимоии Идораи телевизион ва радиои Кӯлоб, ҷойи 1-ум;
2. Қурбоналӣ Қурбонов, роҳбари Филиали МД ТВС дар вилояти Хатлон, ҷойи 2-юм;
2. Ширинҷон Сафарзода, рӯзноманигори шабакаи телевизиони Сафина дар минтақаи Кӯлоб, ҷойи 2-юм;
3. Албинаи Абдусаттор, рӯзноманигори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, ҷойи 3-юм;
3. Номинатсияи “Беҳтарин барномаи радиоӣ, маводи чандрасонаӣ ва интернетӣ”
1. Назриев Сайраҳмон, хабарнигори гурӯҳи расонаҳои “Азиа - плюс” дар минтақаи Бохтар, ҷойи 1-ум;
1. Ашӯралӣ Эргашов, хабарнигори радиои Хатлон, ҷойи 1-ум;
2. Маҳмудҷон Раҳматзода, хабарнигори Радиои Аврупоии Озодӣ дар вилояти Хатлон, ҷойи 2-юм;
3. Раҳматуллоев Манучеҳр, корманди радиои “Кӯлоб” , ҷойи 3-юм;
4. Номинатсияи “Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)”
1. Рӯзномаи “Субҳи Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус, сармуҳаррир Баҳромзода Азиз Фаттоҳ, ҷойи 1-ум;
2. Рӯзномаи “Баҳористон”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, сармуҳаррир Маҳмадёқуб Салимов, ҷойи 2-юм;
3. Рӯзномаи “Вахш”-и ноҳияи Вахш, сармуҳаррир Ашургул Солеҳова, ҷойи 3-юм;
4. Номинатсияи “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ”
1. Рӯзномаи “Ҳамрози халқ”-и ҲХДТ дар вилояти Хатлон, сармуҳаррир Зебо Икромзода, ҷойи 1-ум;
2. Маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии “Меҳровар”, сармуҳаррири нашрия Шарофат Дониёр, ҷойи 2-юм;
2. Рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, сармуҳаррир Муҳаммадҷони Абдувоҳид, ҷойи 2-юм;
3. Нашрияи “Навиди омӯзгор”-и ноҳияи Восеъ, сармуҳаррир Назримадов Умрбой, ҷойи 3-юм;
6. Номинатсияи “Беҳтарин лавҳаи телевизионӣ ва фоторепортаж дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунару анъанаҳои мардумӣ”
1. Ғозиев Зеваршо, муҳаррири Идораи телевизион ва радиои Хатлон, ҷойи 1-ум;
2. Бинёмин Шарифзода, муҳарири идораи таҳлилии шабакаи телевизиони “Ҷаҳоннамо” , ҷойи 2-юм;
2. Хуршед Назирмадов, наворбардори шабакаи телевизиони “Тоҷикистон” дар минтақаи Кӯлоб, ҷойи 2-юм;
3. Каримова Зебонисо, рӯзноманигори шабкаи телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар минтақаи Бохтар, ҷойи 3-юм;
7. Номинатсияи “Беҳтарин сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”.
1. Сомонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ - www.new.kgu.tj, ҷойи 1-ум;
2. Сомонаи Идораи телевизион ва радиои Хатлон – www.tvkhatlon.tj/, ҷойи 2-юм;
3. Сомонаи Донишгоҳи давлатии Данғара – www.dsu.tj/, ҷойи 3-юм;
8. Номинатсияи Беҳтарин наворбардор саҳифабанди нашрия
1. Мирзоев Олимҷон, наворбардори шабакаи телевизиони “Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон, ҷойи 1-ум;
2. Ҷасури Қиёмиддин, саҳифабанди рӯзномаи “Хатлон” , ҷойи 2-юм;
2. Фирӯзҷон Қурбонов, наворбардори МД телевизиони “Сафина” дар вилояти Хатлон, ҷойи 2-юм;
3. Маҳмудов Зуҳуриддин, наворбардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, ҷойи 3-юм;
9. Номинатсияи “Беҳтарин котиби матбуотӣ”
1. Бобоев Фаромӯз, котиби матбуотии Федератсияи футболи Хатлон, ҷойи 1-ум;
2. Бобохонзода Ҷумахон, котиби матбуотии Муассисаи давлатии Клуби варзишии “Вахш”, ҷойи 2-юм;
3. Шарипов Бахтовар, котиби матбуотии раиси шаҳри Бохтар, ҷойи 3-юм;
10. Номинатсияи “Рӯзноманигори соҳибмактаб”
1. Шарофат Худойдодова, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, устоди фанҳои тахассуси рӯзноманигорӣ ва Субҳон Раҷаб, сармуҳаррири нашрияи “Гулхани Восеъ”-и ноҳияи Восеъ.
Ғолибон бо дипломҳои дараҷаҳои 1, 2, 3 ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1500, 1000 ва 500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар ҷамъомад инчунин ба як қатор собиқадорони матбуот, рӯзноманигорони фаъол Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00