«Хатлон» - мактаби рӯзноманигорӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 270
Матбуоти тоҷик беш аз сад сол аст, ки ба давлату миллат хизмат карда, меояд. Қалами бурою каломи роҳнамои рӯзноманигор ҳам тарбиятгару ҳам созанда аст. Маҳз сеҳри қаламу сухани рӯзноманигор аст, ки аз минбари баланди рӯзнома мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол, махсусан ҷавононро ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ободонию созандагӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ даъвату роҳнамоӣ мекунад.
Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши мақоми матбуотро ба таври зайл маънидод кардааст: «Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттиоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё месозад».
...Ҳамасола, 11 март дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон Рӯзи матбуот ботантана таҷлил мегардад. Рӯзноманигорон аз шаҳру навоҳии вилоят маҳз дар ин рӯзи дидор ба ҳам меоянд, суҳбату вохӯриҳои гарму самимӣ меороянд, аз ҳолу аҳволи якдигар огоҳ мегарданд ва аз фаъолияти эҷодии хеш ҳарф мезананд. Ин рӯз, дар маҷмӯъ, рӯзи муборак барои қаламкашон аст. Ман мисли ҳампешагони худ аз дидори якдигар болидахотир шуда, неруманд мешаваму илҳом мегирам ва лаҳзаҳои хотирмони солҳои гузаштаро ба некӣ ба ёд меоварам. Хотироти хушу нотакрор дошт он давра.
Беихтиёр ёдам ба солҳои дар рӯзномаи «Хатлон» фаъолиятро оғоз кардан меравад. Сипосгузорам аз мактаби рӯзноманигории «Хатлон», ки таъсисдиҳандаи он устод Муқимҷон Абдураҳмонов буданд, маро ба қуллаи мақсад-рӯзноманигорӣ расонд, нону ном дод. Маҳз устод дар охири солҳои 70-ум дар рӯзнома як гурӯҳи пурқуввату ботаҷрибаи рӯзноманигоронро аз рӯзномаҳои шаҳру навоҳии вилоят гулчин карда, гирд овард.
Журналистони шинохтаю касбӣ як оилаи калони рӯзноманигориро ташкил карда, ба чопу сари вақт ба хонанда расонидани нашрияи навтаъсиси «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» («Хатлон»-и имрӯза) ба фаъолият оғоз намуданд. Солҳои нахуст барои аз сифр ташкил кардани рӯзнома кори чандон осон набуд. Вале гурӯҳи пурқуввати дар соҳаи матбуот обутобёфта аз уҳдаи ин кор бо сарбаландӣ баромаданд.
Ман аз ҷумлаи дастпарварони мактаби рӯзноманигории «Хатлон» ҳастам. Дар ин мактаб ба камоли эҷодӣ расидам, аз пайи ин касб дар байни мардум-хонандагон ном баровардам. Беш аз 50 соли умри хешро ба ин касб бахшидам ва аз ин ҳаргиз пушаймон нестам.
Боиси ифтихор аст, ки бисёр журналистони муваффақу шинохтаи кишвар маҳз дар мактаби «Хатлон» пешаи худро сайқал додаанд. Дар ин лаҳзаҳо бо ифтихору шодмонӣ аз ҳамкасбонам ёд мекунам, номи муборакашонро ба забон мегирам. Ному корнамоӣ ва заҳматҳои дандоншикани эҷодкории онҳо ва дар соҳаи матбуот содиқ монданашон, бешак, дар сафҳаи таърихи матбуоти тоҷик бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт ёфтаанд.
Мутаассифона, имрӯз қисме аз онҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Вале барои банда ҳар яки онҳо ҷовидонаанд, ҳарфи гуфтаю ба қалам додаашон дар қалбҳо боқӣ хоҳад монд. Устод Муқим Абдураҳмонов, Тӯра Қобилов, Сайдалӣ Бобохонов, Абдувалӣ Абдувоҳидов, Аскаралӣ Набиев, Файзалӣ Чориев, Пирумқул Сатторӣ, Аброри Зоҳир, Саидҷалол Фахриддинов, Абдувоҳид Саидов, Сафармуҳаммад Аюбзода (Маҳзун), Мирзопӯлод Тошбеков, Абдурашид Ҳамидов, Мирзо Гадоев, Исматулло Ибодов, Шоимназар Омонов, Бӯрибой Парпоқов, Ғулом Соҳибов, Олимҷон Ёрасенов, Табаралӣ Неъматов, Шамсиддин Муҳаммадиев, Шарофиддин Қосимов, Зикруллои Валӣ (руҳашон шоду манзили охираташон обод бод) ҳаргиз фаромӯш намешаванд.
Ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъи ташвишовари ҳамон рӯзҳо ба чопи рӯзнома халал ворид намуданд. Сад афсӯс, фаъолияти рӯзноманигорон низ қатъ ёфт. Акнун ҳамкорони мо парешон шуданд. Қисме дар нафақаю қисми дигар берун аз вилоят қарор доранд, аммо ба касби хеш содиқ мондаю аз пайи эҷоданд. Аз ҷумла Мирзо Набот, Саломиддин Мирзораҳматов, Шералӣ Яҳёев, Сайидҷаъфар Баёзӣ, Асалмоҳ Сафарзода, Гурез Қосимов, Дилором Маҳкамова, Исматулло Ҳасанов, Ғафурҷон Расулов, Тошмаҳмад Тошев, Ҳотам Каримов, Шоимқул Облоқулов, Муҳаббат Мирзораҳимова, Туҳфа Аҳмадова, Толиб Сафаров, Нуриннисо Муртазоева, Латофат Чориева, Махфират Шоимова, Намоз Солиев дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва радиову телевизиони ҷумҳуриявию вилоятӣ, ҳамчунин дар сохторҳои давлатӣ ва маориф фаъолият доранд...
Имрӯз рӯзномаи вилоятии «Хатлон» хеле хонданӣ аз чоп баромада серхонанда аст. Аз рӯзҳои аввали дар рӯзнома фаъолияти худро оғоз кардани журналисти касбию муваффақ Носирҷон Маъмурзода гӯё рӯзнома аз нав эҳё шуд. Бо иқдоми ӯ донишҷӯёни бахши рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар ба идораи рӯзнома барои таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардиданд. Ҷавонони қобилиятнок, донишҷӯён Фаромӯз Бобоев, Комрони Бахтиёр, Амонҷон Маҳкамов, Низом Исоев ба кори рӯзнома гузаштанд.
Бо гузашти вақт вазифаи сармуҳарририи рӯзнома ба уҳдаи Носирҷон Маъмурзода вогузошта шуд.
Сармуҳаррир аз рӯзҳои нахустини фаъолият дар рӯзнома тағйиротҳои куллӣ ворид намуд. Дар навбати аввал ба кормандон шароити хуби корӣ (ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ, техникаю лавозимоти зарурӣ, компютеру принтер, интернет), муҳайё намуд. Тарҳу сифат ва мазмуни матлабҳо ва забони рӯзномаро ба талабот ҷавобгӯ гардонд. Ҳоло кормандони рӯзномаро аксарият ҷавонони аз мактаби рӯзноманигории «Хатлон» гузашта ташкил медиҳанд.
Ҷавонони эҷодкор Фаромӯз Бобоев, Ҳангомаи Исмат, Толибҷон Толибзода, Далер Ибодуллозода, Комрони Бахтиёр, Набиҷони Саидаброр, Суҳроб Азиззода, Райҳона Раҳматова, Абдулло Риоев, Зулфия Худойдодзода, Ганҷина Салихова, Ҷасури Қиёмиддин, Шаҳодат Холова фаъолияти назаррас доранд. Аксарияти онҳо дар озмунҳои гуногуни соҳавӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гаштаанд.
Ҳамзамон, дар идора осорхона таъсис дода шуд, ки дар он гӯшаи китобҳои Пешвои миллат, гӯшаи расмҳои муҳаррирони дирӯзу имрӯз, аксҳои кормандон, маҳсули эҷоди кормандон, дастгоҳҳои аксбардорӣ, мошинкаи механикии чопӣ, дастовардҳои «Хатлон»-иён ҷой дода шудаанд. Онҳо бозгӯйи фаъолияти 90-солаи «Хатлон» мебошанд. Маҳз бо иқдоми сармуҳаррири нашрия Носирҷон Маъмурзода 90-солагии таъсисёбии рӯзномаи «Хатлон» дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуд. Ба ин хотир нашрҳои махсуси рӯзнома, китобу тақвимҳо бароварда, китобҳои кормандони рӯзнома, собиқадорони матбуот ба нашр расиданд. Дар ду соли охир аз тарафи рӯзнома озмунҳои гуногун низ гузаронида шуд. Дар ин росто робита бо хонандаи азизи «Хатлон» қавитар гардид.
Имрӯзҳо низ дар идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои эҷодӣ дар ҷӯш аст. Рӯзноманигорон пайваста дар ҷустуҷӯянд, аз пайи дарёфти мавзуъ ва қаҳрамонони нав буда, матлабҳои ҷолибу хонданӣ ба қалам медиҳанд ва ба хонандаи гиромии рӯзнома пешкаш менамоянд.
Бале, «Хатлон»-ниёни ба касби худ-рӯзноманигорӣ содиқ соате фориғ аз эҷод нестанд. Хуб дарк мекунанд, ки агар дар рӯзноманигорӣ кори имрӯзаро ба фардо гузоранд, фардо он такрор намеёбад. Аз ин рӯ, онҳо дар идора ва кӯча, ҳатто дар хона сари дастурхон ё ҷойи хоб нақшаи матлаби навбатиро тарҳрезӣ мекунанд. Дар кӯлвори худ, албатта, матлаби тозаэҷоде доранд...
Хонандаи азиз! Аз сайри дукони «Хатлон»-иён кас як ҷаҳон маънӣ мебардорад. Лаҳзаҳои хотирмону омӯхтании ҳаёти рӯзноманигорони «Хатлон»-ро ба қалам дода, шуморо бо рӯзгори онҳо ошно сохтем.
Имрӯз, ки мо - рӯзноманигорон иди касбии худ-Рӯзи матбуотро ҷашн мегирем, кулли ҳамкасбону ҳампешагон, пеш аз ҳама, шумо, хонандагони азизро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои эҷодӣ таманно дорам. Ба шумо - хонандагони азиз, муроҷиат мекунем, ки ҳамеша бо мо бимонед!
Ба пеш, «Хатлон»!
С. АТТОР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00