Зан ба зиндагӣ таровату покизагӣ мебахшад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 378
Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст.
Зани тоҷик бо иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ зиндагии аҳли ҷомеаро таровату покизагӣ мебахшад. Ин аст, ки аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокии занону модарон аҳамияти хосса дода, кӯшидаанд, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Зеро зан олиҳаест, ки аз садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар ба вуҷуд омадаанд, то ҷаҳонро равшанӣ бахшанд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ, шумораи умумии аҳолии шаҳри Левакант 51800 нафар буда, аз ин шумора 26324 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Саҳми занон ва бонувон дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр назаррас аст. Шумораи умумии занони қобили меҳнат 13128 нафарро ташкил дода, 89 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 18 нафар занон дар вазифаҳои хизмати давлатӣ фаъолият намуда истодаанд. Аз 620 нафар занону бонувоне, ки дар соҳаи маориф фаъолият намуда истодаанд, 22 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда мебошанд.
Дар соҳаи тандурустӣ айни ҳол 533 нафар занон фаъолият намуда, 26 нафарашонро занони роҳбарикунанда ташкил медиҳанд. Дар соҳаи кишоварзӣ 2232 нафар занон саҳми босазои худро гузошта истодаанд, ки аз ин шумора 15 нафарашон раисони хоҷагиҳои деҳқонианд.
Дар соҳаи иқтисодиёт 15 нафар занони фаъол дар бонкҳои шаҳр кору фаъолият намуда, дар соҳаҳои фарҳанг, коммуналӣ ва почта 71 нафар занон, аз ҷумла 3 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намуда истодаанд. Ин нишондодҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯзҳо занони шаҳри Левакант ҳамқадами замон буда, дар ҷомеаи демократӣ мавқеи махсуси худро соҳиб гардидаанд.
Дар шаҳри Левакант шумораи занони намояндагони Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ 1 нафар, вакилони шаҳрӣ 15 нафар, вакилони ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдат»-у «Гулистон» 18 нафарро ташкил медиҳанд.
Дар 17 муассисаи таълимӣ 6878 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр бо мақсади ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, азхудкунии ҳунарҳои дӯзандагӣ, тарроҳӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ маҳфилҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили «Бофандагӣ», «Чакандӯзӣ», «Гулдӯзӣ» ташкил карда шудааст.
Тибқи квотаи президентӣ то имрӯз 61 нафар ҷавондухтарон дар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар таҳсили илм доранд.
Дар шаҳри Левакант аз ҳисоби занони роҳбарикунанда, фаъолзанон ва занони собиқадори гурӯҳҳои корӣ тибқи усули «Хона ба хона» таъсис дода шудааст, ки суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ бахусус занони хонанишин ва ҷавондухтарони муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот оид ба Паёми Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳият ва дарки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Кодекси оила, Барномаи вилоятӣ «Оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар вилояти Хатлон барои солҳои 2014-2023», омӯзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, пешгирии омилҳои экстремистию террористӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, худкушиву худсӯзӣ, пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, сарфакорона истифодабарии неруи барқ, захиранамоии маводҳои ғизоӣ, тозаву озода ва рангубор намудани маҳаллаҳо ва манзилҳои истиқоматии худ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, сояафкан, гулу гулбуттаҳо дар роҳравҳо, кӯчаҳои деҳаҳо ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ба роҳ монда истодаанд.
Фаъолзанони шаҳри Левакант тибқи нақшаҳои муштараки тасдиқгардида дар якҷоягӣ бо кормандони маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази солимии репродуктивӣ, ВНМО тибқи усули «Хона ба хона» дар ҳудуди шаҳр ва деҳаҳои Ҷамоатҳои деҳот бо ҷалби аҳолӣ суҳбату вохӯриҳоро оид ба пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ, бахусус бемориҳои сил, ВНМО, ботулизм, риояи гигиенаи шахсӣ, таваллуди хонагӣ, фавти модару кӯдак, ба ваксинатсия фаро гирифтани аҳолӣ мунтазам ба роҳ монда, маводҳои таблиғотӣ ва иттилоотиро ба аҳолӣ дастрас менамоянд.
Тибқи ҳисоботи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар моҳи феврали соли 2024 ба воситаи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» 40 нафар занони хонанишин ва ҷавондухтарон ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб гардида, 42 нафар занон ва ҷавондухтарони хонанишин бо ҷойҳои корӣ таъмин гардидаанд.
Айни замон дар шаҳр 122 нафар занон ба соҳибкорӣ машғул буда, аз онҳо 85 нафар ба воситаи патенту шаҳодатнома фаъолият намуда истодаанд. Дар соли 2023-юм 2 зан ғолибони грантҳои Президентӣ ва 1 нафар ҳунарманди шаҳр ғолиби Гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд.
Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати зан, арҷгузорӣ ба расму оинҳои миллӣ, мероси ниёгон, аз нав эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ фаъолзанони шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо ҳунармандон дар як қатор озмуну фестивалҳои даври шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз қабили иди Сада, озмуни тирандозии «Бонувони шуҷои Ватан», «Сад ранги чакан», фестивали «Атласу адрас ва намоишу фурӯши он», «Кадбонуи беҳтарин», «Қаннодӣ ва ҳалвопазӣ», «Зеби дастархон», «Дастархонороӣ» иштироки фаъолона намуда, бо сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Хушбахтона, Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ваҳдату ягонагӣ ва ҳаёти хуррамона дар оғӯши Ватани биҳиштосо имкон фароҳам оварданд, ки бонувони мо ба мақсадҳои наҷиби хеш шарафёб гардианд. Ҳарфи шукронаи сарҷамъӣ ва саодату осудагии миллат, шукри Ватани ободу озод ва мардуми хушбахту сарбаланди Тоҷикистони азиз ҳамеша вирди забони занону модарон аст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, шароити муносиби фаъолиятро фароҳам оварданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант баҳри баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, маърифати ҳуқуқии занону бонувон, пешбурди фаъолияти кории онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, ҷалби бештари занону бонувон дар соҳаи хизмати давлатӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Мастура Муъминзода,
и.в. раиси шаҳри Левакант
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...