Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мулоқоти раиси вилоят бо сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон


Мулоқоти раиси вилоят бо сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон




Дар доираи Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Марҳабо ба Хатлони бостон”, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ҷараён дорад, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров дидору мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва рушди иқтисодии дуҷониба ҳавасманд мебошад.

Ҳамчунин, дар идомаи мулоқот доир ба масъалаи ба роҳ мондани хатти парвози ҳавопаймоӣ миёни шаҳрҳои Кӯлоб ва Боку табодули назар карда шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода