Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН!»


«МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН!»




Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб таҳти ин унвон форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад

Имрӯз, 5 март, дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Марҳабо ба Хатлони бостон!» баргузор мегардад.
Дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Марҳабо ба Хатлони бостон!» роҳбарияти вилояти Хатлон ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ, доираҳои сармоягузорӣ ва коршиносони байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Форуми мазкур дар доираи амалишавии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардида, ҳадаф аз баргузории он мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкорӣ дар самти рушди сайёҳӣ мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода