ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 222
4 марти соли 2024 дар Қасри фарҳанг ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ зимни иштирок дар чорабинӣ занону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик гуфта, барояшон иқболи некӯ, толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.
Таъкид карда шуд, ки Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерубахши рӯҳу ҷон, азизу меҳрубон, дастгиру нигаҳбон, роҳбару мададрасон, дуогӯи ҷон, дили пурмеҳр дорад, ки чу офтоб меҳраш ба фарзанд қуввату дармон, меҳру вафо мебахшад.
Имрӯзҳо бонувони шаҳри Норак мисли дигар бонувони кишвари азизамон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ баҳри ободу назаррабо гардидани кишвар талошу заҳмат мекашанд.
Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон ба хотири баланд бардоштани таълиму тарбия, ҳиси ифтихори миллии фарзандон ва устувор нигоҳ доштани пойдории оила, пайваста кушиш ба харҷ медиҳанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалати занону бонувон арҷ гузошта, таъкид менамоянд, ки “Мо занону бонувонро ҳамчун неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем”.
Саҳми занон дар ободии Ватан ва хурраму назаррабо гардидани ҳар як гўшаву канори диёр назаррас аст.
Дар пеш бузургтарин ҷашнҳо, аз ҷумла Наврўзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва мо бояд шурўъ аз имрўз барои тозагии маҳалли зист камари ҳиммат бандем ва дастаҷамъона Ватанро обод намоем.
Тадбирҳои андешидаи Пешвои муаззами миллат дар самти беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, ободонӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон бесобиқа буда, аз ҳар як фард, бахусус занону бонувон тақозо менамояд, ки дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат устувор бошанд ва муқобили ҳамагуна нобасомонию равияҳои иғвоангез мубориза баранд.
Дар охир ба як қатор фаъолзанони шаҳр сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва тӯҳфаҳо супорида шуданд. Дар охир барномаи ҷолиби консертӣ аз ҷониби аҳли фарҳанг пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардонда шуд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...