Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОНУ САРМОЯГУЗОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН


МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОНУ САРМОЯГУЗОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН




Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муовини якуми раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода бо як гурӯҳ соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот Хақулов Аҳадулло, муовини директори ҶСК “Ӯзтекстилпром”, Саидов Камолиддин, муассиси ҶДММ “Денов текстил кластер", Эрқулов Ғолиб, муассиси “Бунёдкор кластер” ва Саидов Суннат, котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки ҳоло вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст.

Музаффар Мирзозода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, зимни вохӯрӣ баён дошт, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Ӯзбекистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии мо ба шумор меравад. 

- Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем. Вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонад, - афзуд муовини якуми раиси вилоят.

Хақулов Аҳадулло, муовини директори ҶСК “Ӯзтекстилпром”, зимни мулоқот гуфт, ки ҳадафи онҳо таъсиси корхонаҳои саноатии коркарди пахта ва матоъ мебошад. 

Дар хотима ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноатии ду кишвар фаъол сохта, нақшаҳои тарафайнро мувофиқа карда, пешниҳодҳо таҳия кунанд ва барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба чораҳои зарурӣ андешанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода