Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОМОДАГИИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ


ОМОДАГИИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ




Дар ноҳияи Восеъ аз тарафи масъулони соҳаи кишоварзӣ барои киштукори нави баҳорӣ тамоми таҷҳизоту техникаи кишоварзиро барои кишти пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ омода намудаанд.

Бо ин мақсад, субҳи 29 феврали соли ҷорӣ дар ноҳия намоиши техникаҳои тухмипошак барои маъракаи киштукори баҳорӣ ва кишти пахта гузаронида шуд, ки дар он раиси ноҳия Шарифзода Ҷамшед, сардори Раёсати кишоварзии вилоят дар минтақаи Кӯлоб Гулмаҳмадзода Мирзохон, масъулони самти кишоварзии ноҳия ва минтақавӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва механизаторони техникаи кишоварзии давлатӣ ва саҳмдорон иштирок доштанд.

Тибқи иттилои масъулони назорати техникаи кишоварзии ноҳия имрӯз теъдоди техникаҳои кишоварзӣ бо тамоми тамғаҳои истифодабарии агросаноатӣ 819 ададро ташкил медиҳанд, ки аз ин ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 200, идораю ташкилотҳои кишоварзӣ 23, ба хоҷагиҳои шахсӣ 596 адад рост меояд. Аз ин шумора, 93 адад техникаҳои тухмипошак  мавҷуд ҳастанд, ки 83 адади он омодаи кор ҳастанд, ки тибқи нақша 87%-ро ташкил медиҳанд.

Хоҷагидорон  уҳдадор шудаанд, ки то ба давраи киштукори баҳорӣ нақшаро 100 % иҷро менамоянд. 

Дар рафти намоиши мошинолоти кишоварзӣ раиси ноҳия ва сардори раёсати кишоварзии вилоят дар минтақаи Кӯлоб оид ба иҷрои дастурҳои Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба саривақт омода намудани заминҳои кишоварзӣ ба киштукори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ,  бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода