КӮЛОБ: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 289
Имрӯз бо иштироки муовини раиси шаҳр Даминзода Арафамо даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он ғолибони даври муассисавӣ ва ҷавондухтарон фаъолона иштирок намудаанд.
Зимнан муовини раиси шаҳр Даминзода Арафамо суханронӣ намуда, иброз дошт, ки тоҷикон аз замонҳои кадим ба таърих, эҷоди арзишҳои олии фарҳангӣ муваффақ шуда, дар саросари ҷаҳон ба унвони қавми тамаддунофар шуҳрат касб кардаанд. Ҳамчунин дарҷ гардид, ки то кунун беҳтарин суннатҳо ва анъанаву оинҳои миллии мо, ки маҳфуз нигоҳ дошта, шуда буданд, имрӯз бо шарофати соҳибистиклолӣ ва эҳёи онҳо моро ҳамчун миллати соҳиби маданияти қадима ва дорои олитарин арзишҳои фикриву фарҳангӣ дар ҷаҳон мешиносанд.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз беҳтарин ва нодиртарин суннатҳои фарҳангӣ-миллии мо дар муносибат ба кадбонугӣ, дастархонороӣ ва маърифати оиладори дубора эҳё гардидаанд. Озмуни “Кадбонуи беҳтарин” иборат аз шартҳои гуногун аз он ҷумла қироати суруду таронаҳо дар васфи модар, омода намудани хамир ва буридани зувола, ороиши муй, ороиши дастархон, намоиши либосҳои миллӣ, парпечи кӯдак, омода намудани хуриш аз сабзавоти тару тоза роҳандозӣ гардид, ки дар он ҳунару завқи кадбонуҳо, пешкаши ҳайати ҳакамон гардиданд.
Бояд гуфт, ки гулдухтарон дар ин рӯзи фараҳбахшу пурнишот либосҳои зебои атласу адрас ва чакан, ки хоси занони тоҷик мебошад ба тан карда, бо руҳияи болидаву хушҳолӣ дар чорабинӣ иштирок доштанд. Дар идомаи чорабинӣ масъулин суханронӣ намуда, аз гулдухтарон даъват ба амал оварданд, ки бо рафтору гуфтори намунавӣ, ахлоқи ҳамида, риояи анъанаҳои милливу мардумӣ ва гирифтани саводи кофӣ баҳри дурахшонии ояндаи хеш бояд талоши беандоза намоянду ба хислату рафторе, ки мақоми занону бонувонро дар ҷомеа коста мекунад рох надиҳанд.
Тибқи Низомнома озмун аз якчанд шарт - ороиши дастархони тоҷикӣ бо пешниҳоди таъомҳои миллӣ, намоиши либосҳои миллӣ, қироати шеърҳо ва таронаҳо дар васфи зан-модар, маҳорати хондани суруди «Алла» ва маҳорати рақси якка иборат буд, ки иштирокчиён аз уҳдаи иҷроиши шартҳои он ба хуби баромаданд. Аслан аз рӯи шартҳои барнома ҷавондухтарон маҳорати баланд нишон дода дар ҳар як номинатсия истеъдоду ҳунари хешро дар сатҳи лозима пешниҳоди аъзои ҳакамон гардониданд.
Мақсад аз доир намудани чунин озмунҳо омода шудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, рушду нумуи анъана ва расму оинҳои миллӣ мебошад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00