Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВАЗЪИ НОГУВОРИ ҲАВО ТО 4-УМИ МАРТ БОҚӢ МЕМОНАД


ВАЗЪИ НОГУВОРИ ҲАВО ТО 4-УМИ МАРТ БОҚӢ МЕМОНАД




Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 1-ум то 4 марти соли 2024 дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва навоҳии ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Бар асари боришоти рӯзҳои оянда хатари барфтӯда дар роҳҳо ва яхбандии роҳҳои мошингард дар навоҳии ВМКБ, қаторкӯҳҳои водии Ҳисор, роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе - Рашт -Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ -Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб вуҷуд дорад.

КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Рафтан ба чарогоҳҳои кӯҳиву шикор ва моҳидорӣ низ маслиҳат нест. 

КҲФ аз ронандагон хоҳиш мекунанд пеш аз сафар вазъи роҳҳои омӯзанд, мошинҳои худро аз қабл барои сафар омода созанд, ҳамеша асбобу таҷҳизоти зидди яхбандӣ дошта бошанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода