Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Зайнулло Шарифзода - президенти нави «Вахш»


Зайнулло Шарифзода - президенти нави «Вахш»



Тибқи иттилои ФФ Т, Зайнулло Шарифзода президенти нави «Вахш» гардид. Мутахассиси маъруф Муҳсин Муҳаммадиев ба ҷойи Исроил Шарифов, ки давоми 30 сол дар бошгоҳи мазкур кор намуд, директори дастаи «Вахш» таъйин шуд. 

Дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2024 ду дастаи вилоят - “Равшан”-и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор байни ҳам рақобат намуданд.

Бозии ниҳоии мусобиқа дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд, ки бозингарони дастаи «Равшан» бо ҳисоби 1:0 ғалаба намуданд.

Муаллифи голи ғалабаовар футболбози нави тими шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Зарипов гардид, ки дар ниҳоят беҳтарин бозигари финал эътироф шуд. Бо ин ғалаба «Равшан» бори аввал ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд. Дар вохӯрӣ бо ҳайати кормандони дастаи «Вахш» Зайнулло Шарифзода атрофи нақшаву ҳадафҳои гузошташуда суҳбат кард.

-Мароми мо, пеш аз ҳама, рушди футболи меҳан аст. Мо ҳама дар якҷоягӣ ва фазои дӯстӣ ба ҳадафҳои бузургамон хоҳем расид. Мақсади аввалиндараҷа ба лигаи олӣ бозпас гардонидани даста мебошад. Барои ин дар тамоми бахшҳои даста шароити лозимаро муҳайё месозем,- гуфт Зайнулло Шарифзода.

Ҳамчунин, ба Исроил Шарифов аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои корҳои анҷомдода Сипоснома тақдим гардид.

Роҳбарияти нави «Вахш» вазифа гузошт, ки даста ба лигаи олии чемпионати Тоҷикистон баргардонида шуда, боз барои ҷоизаҳо мубориза барад ва анъанаи тарбияи шогирдонро ба тими яккачиниТоҷикистон идома диҳад.

Фаромӯзи ДАВЛАТАЛӢ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода