Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хатлон. Ҳифзи сирри давлатӣ ва техникии иттилоот


Хатлон. Ҳифзи сирри давлатӣ ва техникии иттилоот




Дар толори Раёсати Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар вилояти Хатлон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот” баргузор шуд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар кори он роҳбарияти Саридора, роҳбарону намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои вилоятӣ, масъулони мақоми низоми махфият ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Конфронс бо мақсади баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар кишвар, дарки муҳиммият, нозукиҳои ин самти фаъолият, баланд бардоштани савияи касбии масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлативу ташкилотҳо, пайдо намудани роҳҳои бартарафсозии камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъоли-яти онҳо ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар кишвар дар доираи "Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" доир карда шуд.




Дар ҷараёни баргузории конфронс оид ба масъалаҳои омода кардани кадрҳои соҳа, такмили савияи касбии кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилот, таъминоти моддию техникии соҳа бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода