Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Марҳабо ба Хатлони бостон»


«Марҳабо ба Хатлони бостон»



Таҳти ин унвон 5 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад. Коршиносон баргузории ин Форумро барои мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди иштирокчиёни он муҳим арзёбӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияту субот дар кишвар ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат барои ҷалби сайёҳон шароити мувофиқ таъмин гардида, ташрифи сайёҳон сол то сол бештар мешавад. Ҳамзамон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст, ки ин стратегияи дарозмуддати рушди соҳа буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди соҳа ба инобат гирифта шудаанд.

Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ин самти муҳим ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта истодааст.

Айни ҳол дар қаламрави вилоят 933 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуданд, ки аз онҳо 721 ёдгории бостонӣ, 125 ёдгории меъморӣ ва 87 ёдгории монументалиро ташкил медиҳанд.

Боиси ифтихор аст, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон, аз қабили қалъаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии “Аҷинатеппа”-и ноҳияи Вахш, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритус, шаҳраки “Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён ва Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон”-и ноҳияи Дӯстӣ ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки ҳамарӯза сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба вилояти Хатлон дар моҳи январи соли ҷорӣ, дар умум, 33327 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин ҳисоб 3589 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд. 

Дар форуми байналмилалии сайёҳии “Марҳабо ба Хатлон”, ки дар шаҳри Кӯлоб доир мешавад, иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ, доираҳои сармоягузорӣ ва коршиносони байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.

Н. Маъмурзода, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода