Давлаталӣ Саид: "АЗ ҲАВОИ МУСОИД ИСТИФОДА БУРДА, ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ САҲМГУЗОР БОШЕМ"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 330
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни омодагии кишоварзон ба корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуд. Дар ин мавсим дар зиёда аз 8 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, 60 тухмипошаки нав ба кишт ҷалб мешавад.
Барфи рӯзҳои охир ҳазорҳо гектар замини шудгоршуда ва боғотро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо намии зарурӣ таъмин менамояд, ки ин ба фоидаи кори деҳқонон мебошад.
Иброз гардид, ки солҳои охир маҳз аз ҳисоби рушди иқтисодиёт кишоварзон имкон пайдо намуданд, ки техникаҳои амалашон гуногуни кишоварзӣ харид намоянд.
Раиси вилояти Хатлон бо хоҷагидорон суҳбат намуда, оид ба бандубасти тухмипошакҳо, ҷобаҷогузории дурусти қисмҳо ва сихмолаву алафдаравакҳо маслиҳатҳои муфид дод.
Таъкид гардид, ки заҳматкашони вилоят бояд аз имконот ва шароити мавҷудбуда истифода намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00