Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶСК "УЭТМ"


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶСК "УЭТМ"




Имрӯз, 16 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба Федератсияи Россия бо фаъолияти ҶСК "УЭТМ" шинос шуданд. Дар ин хусус, шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии дастгоҳи вилоят хабар дод.

Бояд зикр намуд, ки бренди "УЭТМ" яке аз брендҳои маъруфи ҷаҳон аст. Таҷҳизоти барқӣ барои тавлид, интиқол, тақсими энергия, ки дар ҶСК "УЭТМ" истеҳсол мешавад, дар ҳама гуна шароити иқлими кураи замин боэътимод кор мекунад.

Таҷҳизоти ҶСК "УЭТМ" дар Русия, кишварҳои ИДМ (Қазоқистон, Беларус ва ғ.), дар кишварҳои хориҷӣ (Чин, Миср, Австрия, Аргентина, ИМА, Бангладеш, Сурия, Туркия, Эрон, Муғулистон ва дигар давлатҳо) дастрас ва харидорӣ карда мешавад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо гурӯҳи корӣ бо роҳбари корхонаи Уралэлектротяжмаш, ки дар шаҳри Екатеринбург мебошад, мулоқот намуда, онҳоро барои ҳамкорӣ  бо ҶСК Трансформатори шаҳри Бохтар даъват карданд.

ҶСК Трансформатори шаҳри Бохтар бо истеҳсоли трансформатор ҳанӯз дар давраи пойдории собиқ Иттиҳоди  Шӯравӣ фаъолияти густурда дошта, трансформаторҳои истеҳсолшуда дар бозори  ҷаҳонӣ харидорони худро доштанд.

Тибқи иттилоъ ҶСК Трансформатори шаҳри Бохтар дар як сол  ба  маблағи то 35 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол мекунад. Ҳамасола наздики 300 адад трансформаторҳои гуногунтамға  истеҳсол мекунад. 

Мутахассисони ҶСК Трансформатори шаҳри Бохтар дар ҷодаи таъмиру азнавсозии трансформаторҳои таъмирталаб таҷрибаи бойи корӣ доранд ва он трансформаторҳое, ки аз ҷониби шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳо ба ин коргоҳ ворид мегарданд, саривақт аз таъмир бароварда мешаванд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода