МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ИҚТИСОДИИ УРАЛ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 233
15 феврал дар идомаи сафари корӣ вохӯрии ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яковом Петровичем Силиным баргузор гардид.
Ҳадафи мулоқот вусъат бахшидани рушди сафарбарии академии омӯзгорону донишҷӯён, табодули таҷрибаи пешқадам, фаъолияти муштараки илмӣ, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, ба роҳ мондани нашри маводи илмӣ ва дигар фаъолиятҳои фарогири манфиатҳои ҷонибҳо иборат буда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим ва судманд дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва баланд бардоштани самаранокии корҳои таълимӣ, методӣ ва тадқиқотӣ мусоидати созгор хоҳанд дошт.
Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ зикр намуданд, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, донишгоҳҳову донишкадаҳои зиёд дорад, ки ҳамкориҳои мо ба нафъи ҳарду ҷониб аст.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамокриҳо байни донишгоҳҳо, таҷрибаомӯзӣ ва анҷом додани сафарҳои корӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта шуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи намояндагони мақомоти давлатӣ бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳоло бо сафари корӣ дар Федератсияи Россия қарор доранд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...