Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Паём - машъали маърифати ҳуқуқӣ


Паём - машъали маърифати ҳуқуқӣ



Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардид, бозгӯи як давраи томи фаъолияти пурсамару серҷабҳа, музаффарофарин ва пурбори роҳбарияти олии давлату миллат ва мардуми кишвари азизамон буд.

Дар Паём Пешвои муаззам, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, маънавию фарҳангӣ, ҳуқуқию сиёсӣ ва пешрафту таҳаввулоти азими созандагию бунёдкорӣ дар як давраи ҳафтсолаи охир ва инчунин соли 2023-юмро таҳлилу баррасӣ ва самтҳои минбаъдаи фаъолиятро муайян намуданд. Ҳарчанд, дар ин давра, аз ҷумла соли 2023 барои аҳли башар раванди “мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад” шиддат гирифт, вале ба ин нигоҳ накарда, мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии оқилонаву одилона, ватандӯстона ва миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнати аҳлонаву содиқонаи худ ба комёбию пешравиҳои барҷаста ноил шуданд. Дастовардҳои азими даврони соҳибистиқлолиро афзун намуданд. Обрӯю эътибор ва шаъну шукӯҳи миллату давлати худро баланд бардоштанд. Тавре ки дар Паём омадааст, дар соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли 2022 8,3 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ҷиҳати ҳалли оқилонаи масъалаҳои марбут ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар зиёда аз 40 миллиард сомона равона гардид, ки дар муқоиса ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Соли 2024 мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии қабули Конститутсия – бахтномаву саодатномаи миллату давлати худро таҷлил менамоянд. Дар ин хусус ва ҳамзамон ҷойгоҳ  ва мақоми Конститутсия дар пешрафту ободии Ватан, таъмини саодати мардум зимни  пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои пурҳикматро баён дошта, таъкид намуданд: “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.

Дар идомаи ин андешаҳои баланд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори 30-солагии Конститутсия ҳамчун санаи муҳими таърихӣ соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Ҷиҳати татбиқи ин иқдоми шоиста бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, соли 2024 дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Чуноне, ки дар Паём омадааст: “дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.

Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст.

Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калид ӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд”.

Аз ин ҷиҳат, мо-кормандони мақомоти судӣ баҳри татбиқи ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла татбиқи мақсаду вазифаҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, тамоми саъю талош ва донишу таҷрибаи касбии худро равона месозем. Чунки Паёми Президент паёми сулҳу созандагӣ ва машъали маърифати ҳуқуқӣ мебошад.

Наврӯз ЭМОМАЛИЗОДА,
судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода