ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Левакант. Нақшаи раис иҷро мешавад?


Левакант. Нақшаи раис иҷро мешавад?



Дар нишасти хабарии хеш, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Мастура Муъминзода гуфт, ки дар фаъолияти худ, ҳамчун раиси шаҳр, рушди соҳаи маорифро дар ҷойи аввал мегузорад.

-Бо ин мақсад аз рӯзи аввали фаъолият аз вазъи муассисаҳои таълимии шаҳр огоҳ гардида, нақша дорам, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони муассисаи таълимии солҳо боз нотамомро дар Ҷамоати деҳоти «Гулистон» ба анҷом расонем,- афзуд Муъминзода.

Мавриди зикр аст, ки сохтмони иншооти мазкур даҳсолаҳо боз нотамом мондааст.

Чунин нақшаро собиқ раисони шаҳри Левакант ҳам доштанд, вале то имрӯз дар ин самт коре анҷом наёфта буд.

Вақт нишон медиҳад, ки нақшаи раиси тозатаъйин амалӣ мегардад ё не?

Д. ИБОДУЛЛОЗОДА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода