Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ АВВАЛИН БОР ДАР ТАЪРИХ БА ФЕҲРИСТИ 100-ГОНАИ БЕҲТАРИНҲОИ ФИФА ВОРИД ШУД


МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ АВВАЛИН БОР ДАР ТАЪРИХ БА ФЕҲРИСТИ 100-ГОНАИ БЕҲТАРИНҲОИ ФИФА ВОРИД ШУД



Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз баромади бомуваффақият дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол ба таври назаррас боло рафт.

Дар раддабандии нави ФИФА тими миллии Тоҷикистон ҳафт зина боло баромада, дар ҷойи 99-ум қарор гирифт. Ин беҳтарин натиҷа дар таърихи тими миллӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон панҷ бозӣ анҷом дод. Дастаи мо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо Чин мусовӣ (0:0) карда, аз Қатар шикаст хӯрд (0:1) ва бар Лубнон (2:1) зафар ёфт. Дар даври 1/8 ниҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯйи пеналти) ғолиб омада, дар даври чорякниҳоӣ аз дастаи Урдун (0:1) ноком шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон пас аз баромади муваффақ дар Ҷоми Осиё-2023 соҳиби 23,82 имтиёз гардид ва ҳоло 1218,89 имтиёз дорад. Миёни намояндагони КФО тими миллии мо ҳоло дар зинаи 16-ум ҷой гирифтааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода