ОГОҲ БОШЕД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 284
![]()
Рӯзҳои 17 то 21 феврал бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард ва намнок дар бештари манотиқи кишвар пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳои вилояти Хатлон то 0-5º хунук, рӯзона -3+2º пешгӯӣ мешавад.
Рӯзҳои 17-19 феврал боришоти бошиддат дар намуди борон ва барф дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ ва ағбаҳо рӯзҳои 17-19 феврал фаромадани тормеғ (дурии биниш камтар аз 100 метр), дар шоҳроҳҳои кӯҳӣ пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ пешгӯӣ мешавад.
Рӯзҳои 16-20 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 м/с аз эҳтимол дур нест.
Рӯзҳои 17-18 феврал бо сабаби ба амал омадани боришоти пуршиддат дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон сар задани зуҳуроти селӣ аз эҳтимол дур нест.
Чунин вазъи номусоиди обу ҳаво ба фаъолияти соҳаҳои нақлиёт, алоқа, энергетика ва хадамоти коммуналӣ мушкилиро пеш меорад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро пеша намоянд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00