Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » СИТОДИ АВВАЛИНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"


СИТОДИ АВВАЛИНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"




Имрӯз, 13 феврал, нахустин ҷаласаи Ситоди озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид, ки масъулини вазорату идора, вилоят ва ташкилоту муассисаҳо аз минтақаҳои кишвар ба таври онлайнӣ ҳузур доштанд.

Дар ситоди мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Юсуф Амирхон, сардори Раёсати маорифи вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода низ ба таври онлайнӣ ширкат карданд.

Дар ситод оид ба масъалаҳои талабот ва тартиби баргузорӣ, омодагии довталабон ба озмун, қадрдонии ғолибони озмун дар сатҳи маҳал, дастрас гардидани адабиёти лозима табодули афкор сурат гирифт.

Барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани ҳамаи даврҳои озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва таъмини шаффофият ба масъулин дастуру тавсияҳо дода шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода