11 КВОТА БАРОИ ШИКОРИ БУЗИ ПАРМАШОХ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 317
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали "Даштиҷум" ва муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали "Шӯрообод" фаъолият менамоянд.
Хоҷагии ҷангали "Даштиҷум"-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин соли 1997 дар майдони 52 957 гектар замин бо мақсади муҳофизати олами набототу ҳайвонот, бунёду барқароркунӣ ва нигоҳубини ҷангалзорҳо ташкил карда шудааст.
Дар минтақаи ҷангалпарварӣ дар майдони 1 гектар ниҳолхонаи хурд оид ба парвариши ниҳолу кӯчат, қаламчаи ниҳолҳои чормағз, олучаи кӯҳӣ, тухми себ, шакингу амрут, хучу садбаргиҳо, санҷиту анору ар-ар, писта, зардолу, тут ва ғайра шинонида, парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд, ки миқдори умумии онҳо 33,6 ҳазор бех ниҳолро ташкил медиҳанд.
Раиси ноҳия Гулзода Зафар қайд намуд, ки Хоҷагии ҷангали "Шӯрообод" дар майдони зиёда аз 10000 гектар ташкил гардидааст.
Соли 2023 аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист 11 квота тибқи иҷозатнома барои шикори бузи пармашох (морхӯр) ҷудо гардида буд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...