Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ПАНҶ. СОДИРОТИ 2,3 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА ХОРИҶИ КИШВАР


ПАНҶ. СОДИРОТИ 2,3 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА ХОРИҶИ КИШВАР




Ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар ноҳияи Панҷ 6801 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 5606 субъект ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ, 995 субъект тариқи патент ва 200 субъект тариқи шаҳодатнома фаъолият менамоянд, - гуфт раиси ноҳия З. Шоҳиён зимни нишасти матбуотиаш.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар ноҳияи Панҷ 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 5,7 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.

Соли сипаришуда аз ноҳияи Панҷ 2299 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 39 тонна зиёд мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода