ҶАЙҲУН. САНОАТ РУШД МЕКУНАД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 293
![]()
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти хизматрасонии обу барқ соли гузашта ба 150,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи як сол пеш 20,8 миллион зиёд мебошад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода иттилоъ дод.
Бо мақсади рушди соҳаи саноат бо қарори раиси ноҳия дар соли 2023 майдони 1,7 га замин ҷудо карда шуд.
- Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" 14 субъект ба қайд гирифта шудааст. Ба онҳо ҳамагӣ 5,2 га (1,3%) замин ба иҷора дода шудааст ва айни ҳол 9 адади он фаъолият доранд, - идома дод А. Одиназода.
Ҳаҷми сармоягузорӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ин давра 25,5 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 16,5 миллион сомонӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 29,6 миллион сомонӣ расидааст.
Манбаъ афзуд, ки сохтмони ду корхонаи истеҳсол ва коркарди лимӯ дар ноҳияи Ҷайҳун ба нақша гирифта шудааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...