ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ТЕЛЕВИЗИОНИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 171
Рӯзи 7 феврал дар робита ба дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон, муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода бо фаъолияти Идораи телевизион ва радиои Кӯлоб шинос шуд.
А. Абдусаломзода ба дафтарҳои кории кормандон, студияҳои сабти барномаҳои сиёсию фарҳангӣ, идораи радио рафта, бо кормандон суҳбат намуд ва аз вазъи фаъолияти кории онҳо аз наздик бохабар шуд. Зикр намудан бамаврид аст, ки нақши васоити ахбори омма дар инкишофи ҷомеа, сафарбар намудани таваҷҷуҳи мардум ба самтҳои муайяни мақсаднок ва инъикоси дастовардҳои давлату ҳукумат ниҳоят бориз мебошад.
Муовини раиси вилоят ба директори телевизион Сафаралӣ Бозорзода вобаста ба сифати наворҳо, интихоби мавзуъ, сару либос, таҳияи барномаҳои тафреҳӣ, ташкили семинару курсҳои омӯзишӣ, танзими барномаҳо, таъмини шароити корӣ, интихоби чеҳраҳои телевизионӣ суҳбат карда, барои беҳтар шудани сифати барномаҳо дастуру супоришҳо доданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...