Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮШОНИЁН. КОРҲОИ ОБОДОНӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД


КӮШОНИЁН. КОРҲОИ ОБОДОНӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД




Бахшида ба истиқбол гирифтанми ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Кӯшониён тибқи нақша бояд 282 иншооти таиноташон гуногун баҳри шароити хуби зиндагӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани сокинони ноҳия сохта мавриди баҳрабардори қарор дода шавад, дар ин хусус аз Ҳукумати ноҳияи мазку ба рӯзномаи “Хатлон” хабар доданд.

Тибқи иттилои масъулини ноҳия дар соли сипаришуда, дар ноҳия бо дастгирии бевоситаи соҳибкорону шахсони хайрхоҳ тайи 80 иншооти гуногуни маиши сохта мавриди истифода қорор дода шуд. 

Бояд зикр дошт, ки дар ин раванд таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф низ зиёд гардида, ҳукумати ноҳия баҳри таъмини шароити созгор барои хонандагони муасисаҳои таълимӣ тадбирҳои наҷиберо руйи кор оварданд. Ҳамин аст, ки дар соли 2023 дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия 34 синефхонаҳои иловгӣ барои 790 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Масъулин ният доранд, ки то ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ 76 биною синфхонашои иловагии дигар бо фарогири 1200 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода, мушкилии ҷойи нишастро дар муассисаҳои ноҳия бартараф намоянд, итилоъ доданд масъулини ноҳия. 
Бо мақсади саноатикунонии босуръати мамлакат дар ноҳия, соли сипаришуда, 4 адад корхонаҳои саноати сохат ба истифода дода шуда, 50 нафар ба ҷойи кор таъмин карда шуд. Бояд гуфт, ки шумораи корхонаҳои саноати ба ҳолати имрӯза дар ноҳия ба 44 адад расидааст, ки дар соли 2023 ҳаҷми ситеҳсоли масулоти  саноатӣ ба 428 миллион сомонӣ баробар гардида,  нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 11 милионл сомонӣ ё худ 2, 5 % зиёд мебошад.

Набиҷони Саидаброр, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода