Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 62 ФОИЗИ ДОНИШҶӮЁН БО КОР ТАЪМИН ГАРДИДААНД


62 ФОИЗИ ДОНИШҶӮЁН БО КОР ТАЪМИН ГАРДИДААНД




Беш аз 62 фоизи хатмкардагони Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар шаҳру навоҳии вилоят ба кор таъмин гардидаанд. Дар ин бора Иброҳим Мусоев, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. 

Гуфта шуд, ки тибқи қарори мушовираи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол ду маротиба гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, дар шаҳу ноҳияҳои вилоят шумориа донишҷӯёни дар самти тиб фаъолият доштаро  баҳисоб мегиранд. 

Қайд гардид, ки дусол қабл танҳо донишҷӯёне, ки Коллеҷи тиббиро ба тариқи буҷавӣ хатм намудаанд, тибқи роҳхат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят барои фаъолият равона мешуданд. Ҳоло бошад ин имкониятро донишҷӯёни шартномавӣ таҳсилкарда низ ба даст оварданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода