Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН


КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН




Имрӯз дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти "Ситораи сурх"-и ноҳияи Ёвон бо ташаббуси хоҷагии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва сокинони ватандӯсту  меҳнатқарини ин деҳа ба  корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шурӯъ намуданд.  

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Шохоби чапи ноҳия сурат гирифта, сокинон баҳри таъмиру азнавсозии ин канал дастаҷамъона ба ҳашар баромадаанд. 

Тибқи иттилои раиси ҷамоат Муҳаммадрасул Солиҳов, Шохоби чап соли 1968 бунёд гардида, солҳои зиёд сокинонро бо оби ошомиданӣ таъмин менамояд. 

Сокинон азм доранд, ки бо чунин амалҳои неку бунёдкорона, саҳми хешро дар бунёду ободсозии як  гӯшаи ватани азиз гузоранд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода