Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Омодагиҳои барзгарони н. Ҷ. Балхӣ ба кишти баҳорӣ


Омодагиҳои барзгарони н. Ҷ. Балхӣ ба кишти баҳорӣ




Ҳамасола хоҷагидорони ноҳияи Ҷ. Балхӣ аз кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бахусус пахта аз заминҳои дар ихтирдошта, фоида хуб ба даст меоранд, ки ин тадбир ба иқтисоди ниҳия заминаи хубе фароҳам меорад. Ба итилои масъулини соҳаи кишоварзии Ҷамоат шаҳраки Гулистон то имрӯз 90 % заминҳо кишоварзӣ шудгор ва ба кишти баҳори омода карда шудаанд.

-Дар ҷамоат 540 хоҷагии деҳқонӣ ва 2 ҳазору 500 гектар замини корами обӣ мебошад. Аз он ҷумла 1550 гектар пахта мавҷуд аст. Ҳоло техникаҳои кишоварзиро аз санҷиши техники гузаронидаистода, барои мавсими нави кишт омода намудаистодаем. Бояд гуфт, ки 20 адад техникаи шудгор, 9 адад пунбашинонак, ки дар тавозуни ҷамоат мебошанд, ҳамасола барои шинонидан ва шудгор кардани заминҳои кишоварзӣ истифода мешаванд. Аҳли ҷамоат ва деҳқонон ният дорем, ки дар кӯтоҳтарин фурсат кишти баҳориро ба пурагӣ ба анҷом расонем, гуфт Абдулқосим Сафаров, раиси Ҷамоати шаҳраки Гулистон.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода