Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » “Беҳтарин мухлиси сол-2024”


“Беҳтарин мухлиси сол-2024”



Имсол бори аввал дар таърихи футболи тоҷик таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ озмуни “Беҳтарин мухлиси сол - 2024” баргузор мегардад.

Озмуни мазкур аз моҳи январи соли 2024 оғоз ёфта, то охири мавсими ин сол давом хоҳад кард. Фонди ҷоизавии озмун 100 000 (сад ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Мухлисон ё фан-клубҳо (клубҳои мухлисон) метавонанд дастоварду навовариҳои муосири мухлисии олами футболро дар бозиҳои хонагии дастаҳои футболи дӯстдоштаи худ истифода намоянд.

Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани озмуни “Беҳтарин мухлиси сол - 2024” ин ҷалби шумораи бештари мухлисон ба варзишгоҳ, баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати мухлисӣ, таҳким бахшидани фаъолияти дастаҳои футбол дар самти кор бо мухлисон ва таъсиси фан-клубҳои ҳар як бошгоҳи футбол ва рушди фаъолияти онҳо мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода