Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДДК. Ҳамкориҳои байналмилалӣ вусъат меёбанд


ДДК. Ҳамкориҳои байналмилалӣ вусъат меёбанд



Бо иштироки намояндагони ВАО дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муассиса дар соли 2023 баргузор гардид.

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илм ва шарикони рушд дар доираи татбиқи лоиҳаҳои «Рушди таҳсилоти олӣ» ва «Такмили барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехнология) вобаста ба талаботи бозори меҳнат» дар факултети химия ва биология озмоишгоҳи муосири химиявии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

-Яке аз дастовардҳои донишгоҳ дар соли сипаришуда, густариш додани ҳамкориҳо бо макотиби олии хориҷи кишвар мебошад. Дар ин давра ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо Донишгоҳи Новосибирск, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи А.Н Гертсен, Донишгоҳи гидрометеорологияи Санкт - Петербург ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Россия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷриба, ташкили конфронсҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард, -қайд кард ректори донишгоҳи мазкур.

Зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон гуфт, ки дар донишгоҳ беш аз 500 омӯзгор ба 9948 донишҷӯ дарс мегӯянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода