Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар Хатлон қарздорӣ аз нафақа вуҷуд надорад


Дар Хатлон қарздорӣ аз нафақа вуҷуд надорад




Ин нуқтаро Қ. Файзализода зимни нишасти хабарии Раёсатии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон оид ба фаъолияти ин ниҳод дар соли 2023 гуфт.

Номбурда иброз дошт, ки дар соли гузашта талаботи нафақаи вилояти Хатлон зиёда аз 1 миллиарду 1 миллион сомониро ташкил дода, то охири соли 2023 пурра маблағгузорӣ гардида, қарзи нафақа дар вилояти Хатлон вуҷуд надорад.

Андозаи нафақаи миёна дар вилоят 365,08 сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба соли 2022-юм 47,42 сомонӣ ё худ 14,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Мувофиқи иттилои масъулин, шумораи нафақагирон дар вилоят ба 284134 нафар расидааст, ки назар ба соли 2022-юм 10932 нафар зиёд мебошад.

Ҳамчунин шумораи маъюбони гурӯҳи якум -5875 нафар, гурӯҳи дуюм-27043 нафар, гурӯҳи сеюм -12615 нафар ва маъюбони то 18-сола 12978 нафарро ташкил медиҳанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода