Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Шиносоӣ бо фаъолияти идораи телевизион ва радиои «Хатлон»


Шиносоӣ бо фаъолияти идораи телевизион ва радиои «Хатлон»




Дар робита ба дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода аз Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон дидан намуд. Дар ин бора шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар дод.

Анзурат Абдусаломзода ба дафтарҳои кории кормандон, студияҳои сабти барномаҳои сиёсию фарҳангӣ, идораи радио ворид шуда, бо кормандон суҳбат кард ва бо шароити фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуд.

Гуфта шуд, ки дар замони муосир нақши ВАО дар инкишофи ҷомеа, сафарбар намудани таваҷҷуҳи мардум ба самтҳои муайяни мақсаднок, инъикоси дастовардҳои давлату ҳукумат, ифшои камбудиҳои иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ниҳоят бузург аст.

Дар ҷаласаи васеъ бо кормандон Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилоят, вобаста ба сифати наворҳо, интихоби мавзуъ, такрори барномаҳо, ташкили мактаби устоду шогирд, сару либос, таҳияи барномаҳои тафреҳӣ, ташкили семинару курсҳои омӯзишӣ, танзими барномаҳо, таъмини шароити корӣ, интихоби чеҳраҳои телевизионӣ суҳбат карда, барои беҳтар шудани сифати барномаҳо дастуру тавсияҳо дод.

Бояд зикр намуд, ки 11 марти соли 2023 бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барномаҳои телевизиони вилоятии "Хатлон" ба формати пахши дақиқияташ баланд (HD) гузашта буд.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода