Ҷаласаи кории назди раиси вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 280
3 феврал дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи кории назди раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, сухан гуфта, таъкид кард, ки роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва супоришу вазифаҳои пешгузоштаи Президенти кишвар масъулияти шахсӣ доранд.
Вобаста ба роҳандозии фаъолияти дурусти корхонаҳои пахта, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои корӣ, риояи интизоми меҳнат дар ҷойи кор, таъмини шароити мусоид барои сайёҳон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба вилояти Хатлон, бо дарназардошти мураккабу вазнин ва ҳатарзо пешгӯӣ гардидани солҳои дарпешистода сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, пешбурди корҳои оммафаҳмонӣ ва вохӯриҳо бо ҷавонону сокинон, ҳидоят намудани онҳо ба ватандорию хештаншиносӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, кишти баҳорӣ ва барвақтӣ, ҷалби сармоягузорӣ, пешниҳоди дурусти лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ҷиҳати бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ҷамъоварии саривақтии андозҳо, беҳтар намудани сифати таълим ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббӣ, вусъат бахшидан ба раванди бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пурсон шуда, дастуру супоришҳои мушаххас ва тавсияҳои муфид дода шуд.
Давлаталӣ Саид зимни ҷаласа иброз намуд, ки ҳанӯз ҳам дар вилоят имкониятҳои истифоданашуда барои рушди иқтисодиёт зиёданд. Дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатии рушд барои таъмини зиндагии шоистаи мардум шароит фароҳам меоваранд.
- Сарвари мамлакат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҳар яки мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад, - идома дод раиси вилоят.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...