Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Истеҳсоли гӯшти паранда зиёд гардидааст


Истеҳсоли гӯшти паранда зиёд гардидааст



Соли 2023 дар вилояти Хатлон 4 корхонаву фабрикаҳои парандапарварӣ бунёд ва аз ин ҳисоб саршумори паранда нисбат ба соли 2022-юм 418 ҳазору 925 сар ва истеҳсоли гӯшти паранда 533 тонна зиёд гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар айни замон дар вилояти Хатлон 35 корхонаю фабрикаи парандапарварӣ фаъолият менамоянд ва дар онҳо 929 ҳазору 218 сар паранда парвариш меёбанд. Тибқи иттилои масъулини соҳа, то моҳи январи соли равон дар вилояти Хатлон истеҳсоли тухми паранда 36 миллиону 647 ҳазор донаро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 6 миллиону 471 ҳазор дона зиёд мебошад. Аз 35 корхонаю фабрикаи парандапарварӣ 10 адади он ба истеҳсоли тухм ва 25 адади дигар ба истеҳсоли гӯшти паранда нигаронида шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода