Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДДБ. Маоши омӯзгорон 10% баланд бардошта мешавад


ДДБ. Маоши омӯзгорон 10% баланд бардошта мешавад




-Бо мақсади таъмини сифати донишомузии донишҷӯён ва шароити созгор барои омӯзгорон раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз 1 январи соли равон музди маоши омӯзгоронро то 10 фоиз баланд бардорад, - гуфт зимни нишасти хабарӣ ректори ДДБ ба номи Н  Хусрав, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил ва таҷрибаи омӯзгорон донишгоҳ айни ҳол бо 25 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ баста, пайваста ҳамкориҳои дуҷониба гузаронида мешавад. 

Зимни нишаст гуфта шуд, ки сифати таълим дар донишгоҳ ба ҳолати 31 декабри соли 2023 ба 37,1 фоиз расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 фоиз зиёд мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода