Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ МАБЛАҒИ НЕРУИ БАРҚ 26,09% ЗИЁД АСТ


НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ МАБЛАҒИ НЕРУИ БАРҚ 26,09% ЗИЁД АСТ




Табарзода Темур, роҳбари Филиали Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Кӯлоб зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки фонди таъмири дар 12 моҳи соли 2023-ум 12062,43 ҳ сомонӣ иҷро карда шудааст, ки 100,9%-и нақшаро ташкил мекунад. Аз он ҷумла, таъмири асосӣ 8161,5 ҳ. сомонӣ 95,4% ва таъмири ҷорӣ 3900,93 ҳ. сомонӣ 114,7% иҷро шудааст.

Дар 12моҳи соли 2023 аз системаи энергетики ба миқдори 1 млрд 373 млн 579374 кВт/соат барқ қабул карда шуда, ба истеъмолкунандагон ба миқдори 886 млн 441 169 кВт/соат барқ расонида шудааст. 

Иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда дар филиал ба маблағи 247 691 318,97 сомонӣ ё худ 87,8%-и нақшаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта ба маблағи 51 249 853,36 сомонӣ ё ин ки 26,09% зиёд мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода