Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ХАТЛОН. ТАҶЛИЛИ БОШӮКУҲИ ҶАШНИ САДА


ХАТЛОН. ТАҶЛИЛИ БОШӮКУҲИ ҶАШНИ САДА



 
Дар шаҳри Кӯлоб ба ифтихори ҷашни бостонии Сада ҳамоиши зебои идона баргузор гардид. Дар ин силсилачорабиниҳои идона раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, фаъолони вилоят ва намояндагони доираҳои кишоварзӣ ширкат варзиданд. 

Иштирокдорон нахуст дар афрӯхтани гулхан, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада мебошад, ҳамчун рамзи ғалабаи рӯшноӣ ба зулмот(торикӣ) иштирок карда, баъдан аз намоиши дастовардҳои деҳқонону ҳунармандони ва кормандони муассисаҳои давлатӣ ва шащру нощиящои вилояти Хатлон дидан намуданд. 

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳон аз намоиши маҳсулоти донагӣ, кишоварзӣ ва нониву таомҳои миллӣ, гӯшаи гулу гиёҳҳо, растаи намоиш ва фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

Доирадастону карнайнавозон, масхарабозону дорбозон ва варзишгарон зери унвони «Корвони шодмонии Сада» намоишномаи театриро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
 
Сипас, дар назди фаъолону барзгарони вилоят раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, зикр карданд, ки боиси ифтихору шодмонист, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми кӯҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Миллати тоҷик бо фарҳангу тамаддуни бою ғанӣ дар ҷаҳон ҷойгоҳи хоса дорад. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, амсоли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.
 
Зикр гардид, ки соли сипаригардидаро мардуми сарбаланди вилояти Хатлон дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ соли бобарор ва самарабахш арзёбӣ менамоянд.

  Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят давоми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 35 млрд. 326 млн. 251,2 ҳазор сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба соли 2022-юм ба 106,8 фоиз баробар гардид (афзоиш 2 млрд. 251 млн. 840,1 ҳазор сомонӣ). Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 103,1% (24 млрд. 640 млн. 108,2 ҳазор сомонӣ), соҳаи чорводорӣ 116,5%-ро (10 млрд. 686 млн. 143,0 ҳазор сомонӣ) ташкил дод.
Соли 2023 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ 1 млн. 86 ҳазор тонна ғалладона, 229 ҳазор тонна пахта, 227 ҳазор тонна картошка, 1 млн. 800 ҳазор тонна сабзавот, 764 ҳазор тонна полезӣ, 276 ҳазор тонна мевагиҳо, 92,6 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардид. Афзоиши ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2022 аз 1,2 то 16,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соҳаи чорвопарварӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 237 ҳазор тонна (117,6 %), шир 575 ҳазор тонна (106,0 %), тухм 134 млн. дона (110 %), пашм 6000 тонна (104,0%), пилла 116 тонна (64,2%) асал 1220 тонна (100,5%) ва моҳӣ 3900 тоннаро (110,4%) ташкил дода, афзоиши ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2022 аз 0,5 то 17,5 фоизро дар бар мегирад.
 
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид”.
 
Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ бар зидди торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. 
 
Мувофиқи боварҳо ва манбаъҳои бостонӣ, агар хуршед бо нури худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани хонаву қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон замина гузоштааст.
 
Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд.
 
Инчунин, 6-уми декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамфарҳанг номинаҳои «Ҷашни Сада», «Анъанаи бофтани атласу адрас» ва «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардиданд.
 
Ҳамасола дар ин айём мардуми Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода  гардонидани манзилу гирду атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ машғул мешаванд. Аз гузаштагон анъанаи хубе то имрӯз боқӣ мондааст, ки тоҷикон суфраи ҷашни Садаро бо гузоштани меваҷот, донагиҳо, хушкмеваҳо, тайёр кардани шарбат ва хӯрокиҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ, нахӯдӣ оро медиҳанд. 
   
Ташкили намоиш-фурӯши ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо, омода кардани техникаи кишоварзӣ, яке аз унсурҳои дигари иди Сада ба шумор рафта, ба ин васила мардум ба корҳои саҳроӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ оғоз мебахшанд. 
 
Айни ҳол кишоварзони вилоят тамоми имкониятҳои худро бояд ҷиҳати сари вақт ба анҷом расонидани шудгор, кишту кори баҳорӣ, бунёди боғу токзорҳо, яхобмонӣ, обшӯйкунии шӯразаминҳо ва обмонии захиравӣ  сафарбар намуда, дурнамои таркиби кишти зироатҳои кишоварзиро риоя ва таъмин намоянд.

Раиси вилоят барои саҳми арзанда гузоштани кишоварзони вилоят дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани дастурхони мардум, истифодаи пурсамари заминҳои кишт, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва расидан ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ дар соли 2023 ба деҳқонон, кормандони комплекси агросаноатӣ ва кулли сокинони вилоят изҳори ташаккур намуданд. 

Сипас, дар рафти чорабинӣ ба як қатор рӯзноманигорон, заҳматкашон ва фаъолоне, ки дар рушду инкишофи  дастовардҳои соли 2023 ва татбиқи сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва дастовардҳои вилоят саҳми муносиб гузоштанд, бахшида ба ҷашни Сада, бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби  Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва ҳамзамон бо иштироки ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон баҳри болидарӯҳии ҳозирин барномаи ҷолиби консертӣ, иборат аз рақсу суруд, шеъру тарона пешкаш намуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода