Қ. Қурбонзода: «Ба муҳоҷирон карзҳои имтиёзнок дода шуд»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 266
Фаъолияти Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон дар соли 2023 назаррас буд. вобаста ба ин бо Қурбоналӣ Қурбонзода, сардори Раёсати мазкур оид ба фаъолияти ин ниҳод мусоҳибае анҷом додем, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагон мегардонем.
-Нахуст, доир ба фаъолияти Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон дар соли 2023 маълумот медодед.
- Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон самти асосии фаъолияти худро баҳри иҷрои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2027 равона намуда, иҷрои нақшаи соли 2023- ро аз рӯйи самти хизматрасонӣ ба андозаи 122,1 фоиз таъмин намуд.
-Дар соли 2023-юм муроҷиати сокинон ба Раёсат чӣ гуна буд?
-Захираҳои меҳнатӣ дар вилоят 1,9 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб беш аз 800 ҳазор нафарашон дар соҳаи иқтисодиёти вилоят фаъолият доранд.
Дар соли 2023 зиёда аз 38 ҳазор нафар шахси бекор ба мақомоти Агентӣ, беш аз ҳазор нафар ба Марказҳои машваратии пеш аз сафар ва 1,7 ҳазор нафар ба филиали муассисаи бо кортаъминкунӣ дар хориҷа барои дарёфти ҷойи кор ва хизматрасониҳои касбомӯзиву машварат муроҷиат намуданд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон ба 18,8 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода, 25,7 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шуд.
-Дар соли сипаришуда бакортаъминкунии шаҳрвандон тибқи квота дар кадом сатҳ иҷро гардид?
-Бо мақсади бо кор таъмин намудани шахсони эҳтиёҷманд, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд, бо мусоидати мақомоти зертобеи Раёсати Агентӣ 2,9 ҳазор нафари эҳтиёҷманд бо ҷойи кор таъмин гардид. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 103 нафар бо ҷойи кори доимӣ, 72 нафар ба касбомӯзӣ, 18 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардида, ба 872 нафар машварати касбӣ дода шуд.
Ҳамчунин, бо мақсади машғул шудан ба соҳибкории хурд ба 10 нафар муҳоҷир қарзҳои имтиёзноки бефоиз дода шуд.
-Дар вилояти Хатлон раванди қарздиҳии имтиёзнок чӣ гуна аст?
-Баҳри ривоҷи соҳибкорӣ дар вилоят то 15 декабри соли 2023 ба 776 нафар шаҳрванди бекор ба маблағи беш аз 3,3 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки аз миёни онҳо 397 зан бо маблағи зиёда аз 1 миллиону 395 ҳазор сомонӣ ва 197 ҷавон ба ҳаҷми 829,2 ҳазор сомонӣ кумакҳои пулӣ гирифтанд.
-Тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ чанд нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд?
- Дар соли 2023-юм 443 ярмаркаи ҷойҳои корӣ доир гардид, ки 7079 нафар барои бо кор таъмин шудан роҳхат гирифта, 5375 нафар
бо ҷойи кор таъмин шуданд. Ба ҳисоби миёна дар ҳар як ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ кортаъминкунӣ ба 12,1 нафар рост меояд.
-Масъалаи пешниҳоди кор ва пешбурди корҳои иттилоотӣ барои шаҳрвандон барои ба кор таъминшавӣ дар сохтмони НБО “Роғун” яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Чанд нафар сокинони вилояти Хатлон дар ин иншоот кор карда истодаанд?
-Айни замон дар НБО-и “Роғун” зиёда аз 8,7 ҳазор нафар сокини вилоят фаъолият доранд. Бояд қайд намоем, ки кормандони мақомоти зертобеи Раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин самт кор бурда, барои ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сокинон ба ин сохтмон саъю талош менамоянд.
-Дар вилояти Хатлон бо мақсади касбомӯзии шаҳрвандон кадом тадбирҳо роҳандозӣ карда шудаанд?
-Дар соли сипаришуда бо мақсади таъмин намудани талаботи хоҷагиҳои халқи вилоят ва кордиҳандагони алоҳида бо мутахассисони лозима 6649 нафар хоҳишманд ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии дӯзандагӣ, кафшергарӣ, қаннод, асосҳои компютер, ҳунарҳои бофандагӣ, қолинбофӣ, занбӯриасалпарварӣ ҷалб гардиданд, ки аз ин шумора 3854 нафарашон бо кор таъмин шуданд.
-Соли 2023 аз ҷониби Раёсат мониторинги касбомӯзӣ дар ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатии ҳудуди вилояти Хатлон гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории мониторинг чӣ буд ва чиро муайян кард?
-Бо мақсади муайян намудани ҳолати воқеии касбомӯзии шаҳрвандон ва сокинони соҳибкасб дар вилоят мо таҳлиле гузаронидем, ки муассисаҳои ғайридавлатӣ ҳангоми касбомӯзии шаҳрвандон шумораи онҳоеро, ки омӯзиши касб мегиранд ва соҳиби ҳуҷҷат мешаванд, муайян ва дақиқ намекунанд. Мониторинги касбомӯзии шаҳрвандон дар ташкилоту корхонаҳо ва шарикони рушд нишон медиҳад, ки 14,6 ҳазор шаҳрванд дар соли 2023 соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун шудаанд. Шумораи зиёди ташкилотҳои касбу ҳунаромӯзӣ ба шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Ёвон рост меояд.
Қисмати асосии касбомӯзон дар чунин марказҳо ихтисосҳои ронандагӣ 11 ҳазор нафар, забономӯзӣ, асосҳои компютер, муҳосибӣ ва соҳибкорӣ 1,9 ҳазорро ташкил медиҳанд.
-Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар самти таъмин ва пардохти кумакпулиҳо ба шаҳрвандон соли 2023 кадом корҳо ба анҷом расонида шудааст?
-Дар вилоят пардохти саривақтии кумакпулиҳои бекорӣ дар соли 2023 бо назардошти бақияпулиҳои соли 2022 тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 6319 нафар шахси аз кор озодшуда (86 нафар 272 ҳазор сомонӣ), шахсони аз маҳбас озодгардида (360 нафар зиёда аз 336 ҳазор сомонӣ) ва сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргашта (5873 нафар 5120,4 ҳазор сомонӣ) кумакпулиҳо пардохт карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022- юм 150% зиёд мебошад.
-Таъсиси ҷойҳои нави корӣ яке аз супоришҳои қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми сохторҳо аст. Бо ин мақсад метавон ҳам сатҳи некуаҳволии сокинонро боло бурд ва ҳам дар рушди босуръати мамлакат саҳм гузошт. Соли 2023 дар вилояти Хатлон чӣ қадар ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст?
-Дар вилояти Хатлон то моҳи ноябри соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 69,4 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 ҳазор зиёд мебошад.
-Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед!
-Саломат бошед!
Толиб Толибзода,
«Хатлон»
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...