Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати баргузории суҳбату вохӯриҳо оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба фаъолияти худ идома дода, имрӯзҳо бо сокинону фаъолони вилояти Хатлон суҳбату мулоқотҳо доир намуда истодаанд.
Чунин вохӯриҳо бо сокинон ва фаъолон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар дар толори ДДБ ба номи Носири Хусрав, дар маҳаллаҳои Ургутмаҳалла, Хатлон, Борбад, Ваҳдат, Ҷалолиддин Балхӣ, Дӯстии халқҳо, Ҷамила Мирзоқодирова, Истиқлол, Умари Хайём, Сарчашма, Маданият ва ғайра доир гардид.
Дар суҳбату вохӯриҳои аъзои гурӯҳи тарғиботӣ, ки онро дар шаҳри Бохтар сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода роҳбарӣ мекунад, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, олимону донишмандон, собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромаду вохӯриҳои таъкид гардид, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, барои мардуми диёрамон саршор аз навиди неку фараҳбахш буд.
Афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, вусъати раванди корҳои ободониву созандагӣ, устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ, бештар шудани даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар, аз якуми январи соли 2024 то ба 40% афзоиш ёфтани музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз 1 июли соли оянда аз 30% то 40% баланд шудани ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо, таъсис ёфтани Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати мамлакат, тадбирандешӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, то соли 2037 ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистони биҳиштосо, таҳияи Барномаи мушаххаси кабудизоркунии мамлакат то соли 2040, дар соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюми НБО “Роғун” аз ҷумлаи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлат мебошанд.
Дар баробари ин, Президенти мамлакат бо дарназардошти дар соли 2024 таҷлил гардидани 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 дар ҷумҳуриамон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад.
«...аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад», - таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
-Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифаи ҳуқуқӣ” ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, оғоз аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузорем, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, қайд кард Н. Маъмурзода дар вохӯрӣ. - Зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад. «Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад», - гуфтааст Пешвои миллат.
Маврид ба таъкид аст, ки чунин вохӯриву суҳбатҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то 31 январ идома меёбанд.
“Хатлон”
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.