Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи васеъ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2023 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо ва воҳидҳои сохтории он дар вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи ҷаласа қайд намуд, ки аҳли заҳмати вилояти Хатлон дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари мамлакатро, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён гардиданд, сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои он бо истифода аз тамоми имкониятҳо тадбирҷӯӣ карда истодаанд.
Аз дидору мулоқот ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат сокинони ватандӯсти вилоят болидарӯҳ гардида, бо ҳавасмандии баланд корҳои ободонию созандагиро дар самти таъсиси корхонаю коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва сарсабзу хуррамгардонии ҳар як деҳу маҳал бо суръат ва сифати баланд иҷро мекунанд.
Тавре таъкид гардид, соли 2023 бо вуҷуди мушкилиҳои ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти мамлакат соли бобарор ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Дар идома муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2023 гузориш дод. Зикр гардид, ки нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар соли 2023 ба 36 миллиарду 64,7 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба соли 2022-юм 8,3% мебошад. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ ба 27,6% баробар аст.
Муовини якуми раиси вилоят, ҳамчунин доир ба дастовардҳои вилоят дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, хизматрасониҳо, энергетика, роҳу нақлиёт, фаъолияти бонкӣ, сармоягузорӣ, савдои хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, обёрӣ ва ҳифзи муҳити зист, дастгирии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ маълумот дод.
- Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва сохтмони 6260 адад бинову иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст, - қайд намуд А. Салимзода. - Ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар 2405 бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбат ба нақшаи умумӣ 38,4% ва нақшаи соли 2023, ки 1367 иншоот мебошад, иҷроиши он 1481 адад ё ин, ки 108,3 фоизро ташкил мекунад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии «Солҳои рушди саноат 2022-2026», ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Пас аз анҷоми ҷаласа бо иштироки Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон маросими қадрдонии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2023” доир гардид.
Кумитаи тадорукоти озмун ғолибонро ба тариқи зайл эълон намуд:
НОМИНАИ “ШАҲРИ БЕҲТАРИ Н”
1. Шаҳри Левакант - ҷойи якум;
2. Шаҳри Кӯлоб - ҷойи дуюм;
3. Шаҳри Норак - ҷойи сеюм.
НОМИНАИ “НОҲИЯИ БЕҲТАРИН”
1. Ноҳияи Данғара - ҷойи якум;
2. Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - ҷойи дуюм;
3. Ноҳияи Ҷайҳун - ҷойи сеюм.
НОМИНАИ “ШАҲРА КИ БЕҲТАРИН”
1. Ҷамоати шаҳраки “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ - ҷойи якум;
2. Ҷамоати шаҳраки “Ёвон”-и ноҳияи Ёвон - ҷойи дуюм;
3. Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ - ҷойи сеюм.
НОМИНАИ “ДЕҲОТИ БЕҲТАРИН”
1. Деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Муъминобод - ҷойи якум;
2. Деҳоти “Фахробод”-и ноҳияи Хуросон - ҷойи дуюм;
3. Деҳоти “Шугнов”-и ноҳияи Ховалинг - ҷойи сеюм.
НОМИНАИ “МАҲАЛЛАИ БЕҲТАРИН”
1. Маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳраки “Фархор”-и ноҳияи Фархор - ҷойи якум;
2. Маҳаллаи ба номи Садриддин Айнии Ҷамоати шаҳраки “Панҷ”-и ноҳияи Панҷ - ҷойи дуюм;
3. Маҳаллаи ба номи Қаландар Ҳаитови Ҷамоати шаҳраки “Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус - ҷойи сеюм.
НОМИНАИ “ДЕҲАИ БЕҲТАРИН”
1. Деҳаи Кангурти Ҷамоати деҳоти “Кангурт”-и ноҳияи Темурмалик - ҷойи якум;
2. Деҳаи Қизилоктябри Ҷамоати деҳоти “Маданият”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ - ҷойи дуюм;
3. Деҳаи Хоҷахалтони Ҷамоати деҳоти “Шурообод”-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин - ҷойи сеюм.
НОМИНАИ “ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ”
1. Хонаи Раҳмонзода Фазлиддин, сокини маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Бохтар - ҷойи якум;
2. Хонаи Қодиров Тоҳир, сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимови ноҳияи Балҷувон - ҷойи дуюм;
3. Хонаи Абдураҳмонов Шералӣ, сокини Ҷамоати шаҳраки “20-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Дӯстӣ - ҷойи сеюм.
Ба ҳамаи ғолибон аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар вазъияти тантанавӣ мукофотпулӣ ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуд.
Н. Маъмурзода,
“Хатлон”
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.