Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КИШОВАРЗОН БО ТЕХНИКАҲОИ ПУРИҚТИДОР ТАЪМИН КАРДА ШУДАНД


КИШОВАРЗОН БО ТЕХНИКАҲОИ ПУРИҚТИДОР ТАЪМИН КАРДА ШУДАНД



Бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии пахтакори вилояти Хатлон тракторҳои гуногуниқтидор тақдим намудааст, ки барои вусъат бахшидани корҳои кишоварзӣ иқдоми наҷиб мебошад.

Ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз ҷониби корхонаи мазкур ба шаҳру навоҳии вилоят тракторҳо бо иқдори 130, 140 ва 190 қувваи асп, ки истеҳсоли Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорусия ва Чин мебошанд, ворид карда шуд. 

Бояд изҳор дошт, ки дар баробари дигар техникаҳои лозимаи кишоварзӣ, 4 трактори замонавӣ ба кишоварзони пахтакори ноҳияи Кӯшониён дастрас карда шуд. Масъулон иброз медоранд, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷамъоварии ҳосили дарнақшабуда метавонад то 10 сентнер зиёд бошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода