Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 28 ЯНВАР ДАР КИШВАР ҶАШНИ САДА ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД


28 ЯНВАР ДАР КИШВАР ҶАШНИ САДА ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД




Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати кишоварзии кишвар, 28 январи соли равон дар “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо “Иди Сада ва баргузории намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ”-ро баргузор менамояд. 

Бояд гуфт, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 оид ба таҷлили “Иди Сада ва баргузории намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ” масъул мебошад.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барои иштирок сокинон ва меҳмононро даъват менамоем.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода